Асрори хушбахтии мӯйсафед

Кӯдак бобояшро мепурсад:

− Бобоҷон, бо бибиам чанд сол боз оиладоред?

− 40 сол мешавад, писарам.

− Ман ягон маротиба шоҳид нашудам, ки шумо бо якдигар ҷанг карда бошед. Ин ягон сир дорад?

− Бишин, писарам, мефаҳмонам, − мегӯяд бобо ва ба нақл сар мекунад.

“Ҷони бобо, вақте ки ман бо бибиат оиладор мешудам, қариб ки ҳеҷ чиз надоштам. Ҳеҷ кас ҳам…Он солҳо зиндагӣ вазнин буд. Камбағалӣ. Ман бибиатро аз як деҳаи хеле дур арӯс кардам. Баъди он ки никоҳ бастем, се−чор ашёи лозимии бибиатро гирифтему ба асп бор карда, ҷониби деҳаи мо ба роҳ даромадем. Дар роҳ пойи аспам лағжиду чанд қадам лангон−лангон роҳ рафт.

Ман ба шуморидан сар кардам. Гуфтам:

– Як!

Мо роҳамонро давом додем, пойи асп бори дигар лағжид. Гуфтам:

– Ду!

Ҳоло то деҳа роҳ дур буд. Вақте пойи асп бори дигар лағжид, “Се” гуфтам ва туфангро бароварда, аспро парондам. Баъд бибиат сар кард: “Акнун мо чӣ хел меравем? Чаро аспро парондӣ? Ҳуш дорӣ ё надорӣ? Ҳоло ин бору бандро чи хел мебарем?” Ман ба чашмони бибиат нигариста, бо ғазаб гуфтам:

– Як!

Аз ҳамон рӯз ин ҷониб хеле шоду хурсанд зиндагӣ мекунем…”

– Башир Усмон, “ДИДОР”

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s