Пироги асалӣ бо лимӯ

Хамир: 200 гр орд, 100 гр равғани маска, 50 гр шакар, пӯсти тарошидашудаи 1 дона лимӯ, 1 дона тухм, 2 қошуқ шарбати лимӯ;

Крем: 200 мл шарбати лимӯ (тақрибан 3 дона лимӯ), пӯсти тарошидашудаи 2 дона лимӯ, 2 дона тухм, 150 гр асал, 200 гр сметанаи серравған;

Ороиш: тархуни асалӣ ё чормағз;


1. Барои омода кардани хамир орд, равғани маска, шакар ва пӯсти як лимӯро тарошида ҳамаашро ба комбайн андохта аралаш кунед.

2. Ба махлути тайёршуда тухм ва шарбати лимӯро илова намуда, то бо ҳам омезиш ёфта лӯнда шудан хамир кунед.

3. Хамирро тунук карда ба зарфи пухтупаз ҷой кунед; лабакҳои хамирро ба тартиб дароварда, бо муддати 30 дқ ба дохили яхдон гузоред. 

4. Дар ин муддат пӯсти 2 дона лимӯро тарошида, онро дар як зарфи калонтар бо шарбати 3 дона лимӯ ва асал омезиш диҳед. Ним соат дам гирад.

2

5. Хамирро аз яхдон бароварда ба дарунаш коғази махсуси пухтупазро ҷой кунед. Акнун гулӯлачаҳои махсус барои пухтупазро ба дарунаш резед, то ки ҳангоми пухтан мобайни хамир дам накунад. Зарфи бо хамир омодакардаро ба дохили тафдон ҷой кунед. Хамирро бо гулӯлачаҳо дар ҳарорати 200 °С бо муддати 15 дқ ва бе гулӯлачаҳо боз 5-7 дқ пазед.

6. Барои крем ба махлути дар банди (4) тайёршуда 2 дона тухм илова карда, ҳамаро нағзакак аралаш кунед. Баъдан сметанаро илова намоед. Креми тайёршуда каме тунук мешавад, ҳеҷ гап нест!

7. Махлути креми тайёршударо ба дохили кулча (корж) рехта боз ба дохили тафдон бо ҳарорати 160 °С гузоред. Агар имкон бошад, коржро аз дохили тафдон набароварда ҳамоно кремро ба дарунаш резед. Баъд аз рехтани крем 30-35 дқ дигар ҳамаашро пазед.

main

8. Инак пирог пухт. Ҳангоми оҳиста ҷунбонидани зарфи пухтупаз, атрофи креми пирог бояд пухта ва мобайни он ба монанди желе ларзиш диҳад.

9. Пирогро аз тафдон бароварда, як сӯ гузоред, ки хунук шавад.

10. Баъд аз пухта шудан болои пирогро бо тархуни асалӣ ё чормағз оро диҳед.

– Ирина Чадеева, “Пироговедение”

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s