Тифли навзод ва интизориҳои волидайн

Модар ва падар будан, касби беҳтарини рӯи замин аст. Василаи ба дунё омадани як инсон шудан ва таъмини рушди солим ва ба воя расидани ӯ хуштарин амале бояд бошад. Вақто рушди солим мегӯем, дар назар ҳам рушди ҷисмонӣ ва ҳам рушди маънавии ӯст. Волидайни пур аз муҳаббат, муҳити пурҳузури оилавӣ, ҷамъияти эмин барои ба воя расидани кӯдак заминаи идеалӣ аст. Чун дар фитрати одамӣ ҳисси падарӣ ва модарӣ ҷо карда шудааст, ин савқи илоҳӣ барои рушди солими меҳмони навбадунёомада таъсири муҳимро соҳиб аст. Шафқати модар, муҳаббат, ҳимоя ва кӯмаки падар барои дар муҳити беҳтарин ба воя расидани кӯдак дар мадди аввал хусусиятҳои муассири ин раванд маҳсуб меёбанд.

Аз ин рӯ саволи бештаре, ки волидайн худро пурсон мешаванд, ин «Чӣ тавр кӯдаки таваллудмешуда метавонад ба ҳаёташон таъсир расонад?» мебошад. Падару модар нисбати фарди нави ба оила меомада бояд пур аз шафқату муҳаббат бошанд. Ҳомиладорӣ бояд бонақша ва бошуурона ба роҳ монда шавад. Кӯдак дар онҳо бояд ҳисси падару модариро бедор кунад ва онҳо аз ин ҳолат завқи хуше бояд гиранд. Кӯдаки навзод аз ҳама беш ба муҳити пур аз муҳаббати оилавӣ ҳоҷат дорад. Чунин муҳити пур аз муҳаббат аз рӯзҳои аввали кӯдак дар батни модар бояд ҳис кунонида шавад. Аз хотир набароред, ки тамоси аввалини кӯдак бо олами беруна, аллакай дар батни модараш шуруъ мегардад. Дар ин муддати ҳомиладорӣ вазъи руҳиву ҷисмонӣ ва шафқати модар ба кӯдак таъсири худро мерасонад. Бояд донист, ки аллакай дар 6-7-моҳагии ҳомиладорӣ, ба кӯдак ҳисси шунавоӣ дода мешавад. Ҳини он муддати ҳомиладорӣ, ҳарчанд кӯдак дар батни модар ҳам бошад, аммо аз олами беруна қисман муассир ва бархӯрдор мешавад. Дар ин муддати ҳомиладорӣ ҳолати руҳии мусбат ва хуши модар барои рушди солими кӯдак нақши муҳимро мебозад. Ва баракс ҳолати руҳии манфии модар бошад, кӯдаки дар батни модар бударо аз ҷиҳати психологӣ хеле хашмгин мекунад.

Дар ин раванд ашхоси номзад ба падарӣ ва модарӣ, набояд дар гумони он бошанд, ки фарзанди таваллудмешуда низоми ҳаёти барпошудаашонро вайрон мекунад. Нисбати чунин ҳодисаи беҳтарину хуштарин ваҳму гумонҳои барзиёд накарда, хубтар мешавад, ки худро барои ин саҳифаи нави зиндагӣ омода созанд. Эҳтимол низоми одатшудаи ҳаётиятон аз байн равад, ба доираи масъулиятатон як нафари дигар илова шавад ва ҳамчунин баъзе аз шабҳоятон бо бехобӣ гузарад, аммо табассуми он чеҳраи хурдакак, ламс ва фарёди он атои илоҳӣ тамоми он нороҳатиҳоро аз хотир мебарорад. Барои падару модари интизорикӯдакбуда, тавсияи муҳимтарин ин аст, ки барои меҳмони навашон, аллакай шуруъ аз батни модар муҳити солим, хушбахт ва пурҳузурро таъмин карда, интизори он рӯзи нав гарданд. Вақто завқи ин саҳифаи навро дар ҳаётатон эҳсос мекунед, ҳам оила ва ҳам фарди хурдакаки оилаатон аз чунин муҳит хушбахт мегарданд.

Хусусан аз ҳомиладории шуурнок ва интизорбуда кӯдак ба худ боварии комил пайдо мекунад. Яъне вақто кӯдак ҳис мекунад, ки ӯ меҳмони хонда ва интизорбуда аст, барои кӯдак ин нишонаи барои падару модар азиз буданаш аст. Ҳар кӯдак новобаста ба синну сол, хоҳ дар батни модар бошад ва хоҳ баъд аз таваллуд, барои волидайнаш азиз ва муҳим буданашро ҳис мекунад. Чунин ҳолат дар инкишофи ҳисси эътимод ба худ барои кӯдак нақши муҳимро мебозад. Дар акси ҳол бошад, адами шафқату муҳаббати волидайн ба фарзанд, фарди бемасъул ва беэътимодро дар ҷамъият ба миён меоварад. Пас кӯдакатонро хоҳед ва дӯст дошта муҳити лозимаро ба миён оваред.

Ҳамчунин қобили қайд аст, ки аксари ҷуфтони навхонадор пас аз соҳиби фарзанд шудан, алоқаву эҳтимомашон ба ҳамдигар боз ҳам қавитару бештар гаштааст. Пас фарзандҳоро метавон дар иморати оила ба маҳлуле барои ба ҳам бастани хишти афроди он ташбеҳ дод.

– Садбарги Ҳаким

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s