Ҳодисаи як ситора

Мудири яке аз мактаб-интернатҳо маҷалла дар даст овораи хониш буд. Як хабари хурде диққаташро ҷалб мекунад: “Ситораи думдори Галлей, ки дар 76 сол як маротиба аз меҳвари Замин убур мекунад, фардо аз нуқтаи наздиктарин ба мо хоҳад гузашт”

Мудир муовини аввалашро ба наздаш хонда, фармон медиҳад: “Муаллим, ситораи думдори Галлейро, ки дар 76 сол як маротиба аз қарибии Замин мегузарад, метавонем фардо соати 20:30 аз ҳавлии мактаб мушоҳида кунем. Фардо ҳамаи талабагон дар ҳавлии мактаб бо либосҳои варзишияшон омода шаванд. Барои онҳо доир ба чунин ҳодисаи беназири кайҳонӣ маълумот медиҳам. Шояд фардо ҳаво боронӣ шаваду осмонро дида натавонем, ҳамаи талабагонро дар ошхона ҷамъ карда, навореро, ки доир ба ин ҳодисаи кайҳонӣ маълумот медиҳад, пахш кунем”.

Муовини аввал фармони мудирро ба муовини дуюм мерасонад: “Ситораи думдори Галлей фардо соати 20:30 аз маҳалле, ки мактабамон воқеъ аст, убур хоҳад кард. Агар борон борад, ҳамаи талабагон либосҳои варзишияшонро пӯшида, барои мушоҳидаи чунин ҳодисаи беназири кайҳонӣ дар ошхона ҳозир шаванд”.

Муовини дуюм фармонро ба муаллими навбатдор мерасонад: “Бо амри мудир, фардо соати 20:30 ҳамаи талабагон пойҷомаҳояшонро пӯшида, барои тамошои ситораи думдори Галлейи бензаир, ки ба ошхонаи мактаб ташриф хоҳад овард, ҳозир шаванд. Агар дар маҳаллаи мактаб борон борад, чун анъана дар ҳар 76 сол як маротиба мудири мактаб як фармони иловагӣ хоҳад баровард”.

Муаллими навбатдор фармони мудирро “айнан” ба раиси “Созмони талабагон” мерасонад: “Чун дар ҳар 76 сол як маротиба мушоҳида карда мешавад, фардо соати 20:30 мудири мактаб ҳамроҳи ситораи думдори Галлей ба ошхонаи мактаб ташриф меоранд. Агар борон борад, мудир либоси варзишиашро пӯшида, ситораро барои даромадан ба ҳавлии мактаб иҷозат хоҳад дод”.

Ва дар охир раиси “Созмони талабагон” фармони мудирро ба талабагони мактаб-интернат мерасонад: “Фардо, тахминан соати 20:30, вақто борон меборад, мудири беназири 76-солаи Галлей либосҳои варзишӣ пӯшида, ҳамроҳи мудири мактаб-интернат савора дар болои ситораи думдор аз ошхонаи мактаб убур хоҳанд кард”.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s