Яке аз шогирдони Ҳазрати Мавлоно, ки оиладор шуда буд, барои зиёрати Ҳазрат меояд. Аз сару либоси шогирд маълум буд, ки вазъи молияш хуб нест. Мавлоно мехост ба ӯ кӯмак расонад, аммо ҳамзамон дар назди халқ ӯро хиҷолат кардан ҳам дуруст набуд. Вақте шогирдаш аз ҷой хеста рафтанӣ шуд, Мавлоно ба шогирдаш гуфт:

-Усмон, ту қаблан бисёр ҳам шахси мутавозӣ будӣ. Ҳини рафтан, дастамро мебӯсидӣ, сипас мерафтӣ!

Усмон аз рафтораш шарм дошта, назди Устодаш рафта, дасташро бӯса мекунад. Дар ин маврид Ҳазрати Мавлоно тангаҳои тиллоиеро, ки қаблан дар кафи дасташ барои кӯмак ба шогирдаш омода сохта буд, пинҳон аз ҳамагон ба дасти шогирдаш дода, кафи дасташро маҳкам медорад. Ва шогирдашро танбеҳ низ мекунад:

-Усмон, ман даст бӯсонданро дӯст медорам. Тез-тез омада исту дастамро бӯса кун, фаҳмо?
Шогирдаш – Усмон бошад, бо як каф тилло аз як сӯ хурсандона барои хонааш бозорӣ мекард, аз сӯи дигар ба нозукият ва зарофати устодаш қоил шуда, оби дида мерехт.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s