«Афсӯс, касе маро варақ намезанад!»

Авроқам ҳама куллан наву дастнорасида, муқоваам ба мисли рӯзи аввали харидаи соҳибам наву ялаққосист, ҳатто ҳар як кунҷҳои он заррае ҳам лат нахӯрдаю қат нагаштааст.

Ман якчанд сол аст, ки дар рафи китобмонии як утоқи барҳавои хонаи соҳибам ҷевони бузурги ин утоқро, ки чашму ҳуши ҳар як меҳмонро бо як дидан  мерабояд, «зебу оро» дода истодаам. Соҳибам ману дигар ҳамроҳонамро бо як шавқу ҳавас мехараду якчанд саҳифаамонро дар оғоз варақ зада, тафаккур мекунаду сипас ба ҳоли худамон раҳоямон месозад. Баъзеи дигарамонро бошад, ёру рафиқ, бузургон ва дӯстонаш барои хотира ва орзуи беш кардани дониши соҳибам ҳадя кардаанд. Ин гунаҳоро бошад, тамоман намехонад. Фақат ҳамон ҷоеро, ки дастхат ва таманниёт навиштаанд, бо иштиёқ мутолиа мекунаду халос.

Ҳамроҳони ман, ки қаблан сокини ин раф буданд, аллакай бар ин хулқи соҳибамон одат кардаанду худро дигар озурдахотир намесозанд, аммо ман бошам, аз рӯзи оварда шуданам ором шуда наметавонам. Виҷдонам намебардорад. Охир, агар ӯ моро нахонад, ҳеҷ суду нафъе набардорад, пас ба он нафаре диҳад, ки фоидаамон бирасадаш. Мехондагиҳо кам нестанд, пас чаро мо бояд дар ҷевони ӯ нақши олоти ороиширо бибозем?! Ҳар рӯз, ки мегузарад, бештар тоқатам тоқ гашта мехоҳам бо тамоми вуҷудам бар сараш фарёд бикашам:

-Эй бандаи ношукр. Бас будагист ҷоҳиливу ғофилӣ. Маро китоб гуфтаанд на ороиш (сувенир), мефаҳмӣ?! Аммо афсӯс, ки Холиқи якто бар ман дасту по ҷоиз надонистааст, вагарна ҳар як китобдори дур аз китобро зери лагаду мушти худ  қарор медодам, то одам шаванд.

Ҳамин тариқ, чандин замон, ки дидам аз соҳибам «умеди растагорӣ» нест, умеди дигарро дар худ парваридам. Мехостам, ки меҳмонони соҳибамро аз маънавиёту хирад шодоб гардонам. Аммо дӯстонаш ба мисли худаш будаанд. Беҳуда дар васати мо ҳакимон нагуфтаанд: «Бигӯ, дӯстат кист, ман мегӯям, ки ту кистӣ!». Бештари лаҳзаҳои меҳмонқабулкунӣ, вақте меҳмонҳо дохили ин хонаи барҳаво мешаванд, дар аввал ба қандилҳои ҷилодори сақфи хона ва пардаи хеле боҳашаматдӯхташудаи тиреза ва қолини зардӯхт бо ҳавас назар меафкананду ғарқи ҳавову ҳаваси дунёи зебо гашта, бар соҳибхона каме ҳасад бурда, ками дигар ҳасрат хӯрда, сипас моту маҳбути ҳайбати зебоии ҷевони меҳмонхона гашта, ягон-ягон ба зарфҳои шишагии фарангӣ, сипас ороишоту ҳайкалчаҳо ва расмҳои аҳли хонавода назар афканда, билохира ба назди ман ва соири дӯстонам мерасанд. Дар баробари дидани мо онҳо ҳавасхӯриҳояшонро бо тааммул дур карда, аз қиёфаи якчанд лаҳза пеши худ, ки қариб буд оби даҳонашон сар кунад, дур шуда ба худ қиёфаи гӯё ҷиддӣ мегирифтагӣ барин мулоҳизакорона   каллаашонро ба самти чап хам дода, навиштаҷоти бари қади ман ва соири ҳамсафонамро хонданӣ мешаванд ва ахиран мавзӯи сӯҳбатро бо соҳибамон дар бобати мо шурӯъ мекунанд: «Китобҳои хеле ҷолиб!!! Аҳсан, ин қадар китобҳоро  кай тавонистӣ ҷамъоварӣ кунӣ, дӯстам? Китобҳои хеле замонавӣ ва ҳамзамон маънавӣ, боз бо чанд забон, ҳам  классику ҳам муосир. Оҳо, ана инашро намегӯӣ (ба ман ишора карда мегӯяд)» ва соҳибамон ҳам аз ин таърифу тавсифҳои меҳмон хушнуд гашта сӯҳбатро об медиҳад. Ман дар ин лаҳзаҳо хеле ба ҳаяҷон омада шиддати хушнудиву сарбаландӣ фаро мегирадам, чун фикр мекунам, ки меҳмон  худи ҳамин лаҳза  дарҳол  маро барои мутолиа мегираду судамро бо ҳама нозукиҳояш бар ӯ мебахшам, аммо… ин инсонҳои…. охир чӣ гӯямашон, ки ҳатто қобили дашном, ки он ҳам дар шаъни ман нест, намедонамашон.

Ба ҷои он ҳама умедвориҳо, интизорӣ кашиданҳо дар пайи як хонандае ҳасрату ғазабу буғз домангирам мешаваду дигар чизе аз дастам намеояд. Онҳо назди дастурхони пурнозу неъмат каҷпаҳлу мераванд, механданду меболанду бо ин ғофилиашон ғарқи дунёи андешаҳои пучу тиҳӣ мегарданд. 

– Хайр, ихтиёрашон. Ҳарчанд ман умедамро аз дидори хонандаи арзанда наканам ҳам, дилам ба соҳибаму ин гуна дӯстонаш реш-реш мешавад. Чӣ дунёву охирате онҳоро интизор аст, намедонам.

Хеле хавотирам!!!

– Нилуфари Ҳайдаршоҳ

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s