Бисквити “Фаришта”

Хамир: сафедии 5 дона тухми калон, 80 гр шакари хока (пудра), 50 гр шакари майда, 60 гр орд, намак, 1/2 қошуқчаи кислотаи лимӯ, шакари ванилӣ;

Соус: 150 г. қулфинай, 100 гр тамашк (малина), 50 гр қоти сиёҳ (смародина), 120 гр шакар, 150 гр об, ванил;

Зарфи 10х20 см барои пухтупази кекс ё зарфи гирдшакли 16 см, духовкаро то 180 °С гарм кунед;


1. Барои тайёр кардани соус шакарро ба об андохта, онро ҷӯшонед. Буттамеваҳоро дар зарф ҷой карда, шарбати тайёршудаи шакарро аз болои онҳо резед. Барои хунук шудан ба як сӯ гузоред.

2. Барои тайёр кардани хамир сафедии тухмҳоро дар зарф резед. Дар як зарфи дигар орд ва шакари хокаро элак кунед. Кислотаи лимӯ, шакар ва шакари ванилиро дар зарфи дигар омехта кунед.

2

3. Духовкаро гарм кунед.

4. Ба сафедиҳои тухм намак илова карда онҳоро лат диҳед. То он даме ки махлут ғафс шуда, ҳангоми чаппа кардани зарф сафедии латшуда аз он нарезад, латдиҳиро давом диҳед. Пас аз ба қиёми лозима расидани сафедӣ ба он махлути омодашудаи кислотаи лимӯ, шакар ва шакари ванилиро илова намоед. Боз ҳамаи онро якчанд дақиқа лат диҳед. Диққат! Махлути тайёршудаистода набояд ба монанди безе бошад; болои он бояд мулоим  ва устувор бошад. (Метавонед, ки қисми шакари иловамешударо ба хамир дар шакли хока илова кунед. Ҳамин тавр сафедии тухм қиёми лозимаро нигоҳ медорад).

5. Орд ва шакари элакшударо ба махлути сафедии тухм илова карда, нағзакак аралаш кунед.

6. Баъд хамири тайёршударо ба зарфи пухтупаз ҷой карда, зарфро такон диҳед ва ё дар болои миз каме занед, то ки баъд аз пухта расидан, ковок ва холигиҳо пайдо нашаванд. Зарфро бо хамир ба даруни тафдон (духовка) ҷой кунеду 25-30 дқ пазед. Бисквити пухтарасида бояд таранг  бошад. Зарфро болои табақе чаппа кунеду гузоред бисквит хунук шавад.

4

7. Барои он ки бисквитро аз зарфи пухтупаз бо осонӣ бароред, бо корд атрофҳои онро аз зарфи пухтупаз ҷудо карда, болои миз каме занед. Ҳамин тавр бисквити пухтарасида бо осонӣ аз дохили зарф мебарояд.

8. Бисквитро бо корди тез ба порчаҳои зебо бурида, онҳоро ҳамроҳи соуси аз буттамеваҳо тайёршуда ё бо қаймоқ (сливка) бихӯред.

– Ирина Чадеева, “Пироговедение”

Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s