Кӯдак аз чандсолагӣ бояд ба кӯдакистон равад? –1

Барои ҳар падару модар соҳиби фарзанд будан хуш аст. Аммо бояд қайд кард, ки чунин хушӣ бо худ масъулиятнокии бештарро талаб мекунад. Дар баробари ба воя расидани кӯдак масъулиятҳои волидайн атрофи таълиму тарбияи ӯ низ ҳамоно аҳамияти ҷиддитарро талаб мекунад. Яке аз чунин масъалаҳо ин аст, ки фарзанд дар кадом синну сол бояд ба боғчаи кӯдакона фиристода шавад? Хусусан, агар модар коргар бошад, аллакай аз замони ҳомиладорӣ, зан хаёлан дар пайи ба боғча фиристодани кӯдаки дар батн доштааш мешавад. Аллакай аз ҳамон замон чунин модар пурсон мешавад, ки фарзанди хурдсолашро кӣ тарбия медиҳад? Кадом боғчаи кӯдакона беҳтар аст? Ӯ дар он ҷо чӣ мехӯраду, чӣ тавр вақт мегузаронад? Чунин саволҳои зиёд ҳар падару модари соҳибмасъулиятро хоҳу нохоҳ ба ташвиш меорад. Аз ин рӯ хостем каме атрофи мавзӯи кӯдак аз синни чандсолагӣ бояд ба боғчаи кӯдакона равад, мулоҳизаи мутахассисонро ин ҷо орем.

Мутахассисон бар он назаранд, ки барои муайян намудани синну соли мувофиқи кӯдак, ки оё барои рафтан ба кӯдакистон тайёр аст ва ё на, бояд аз марҳилаҳои рушди олами ҳиссии ӯро шинохт. Аз ин рӯ мутахассисон марҳилаҳои мазкурро ба гурӯҳҳои зайл тақсим кардаанд:

–      0-2 сол, марҳилаи дилбастагии амин;

–      2-4 сол, марҳилаи ҷудоии амин;

–      4-6 сол, оидият ба оила;

–      6-10 сол, оидият ба ҷомеа;

–      10-11 сол, оидияти муҷаррад;

Барои муайян кардани синну соли мусоиди кӯдак барои рафтан ба кӯдакистон, бояд марҳилаҳои дилбастагӣ ва ҷудоии амин ҳамчун замина интихоб шаванд. Дар ин марҳилаҳои кӯдак бояд ҳис кунад, ки ӯ танҳо несту дар амн мебошад. Марҳиалҳои мазкур аз 0 то 4-солагии кӯдакро дар бар мегиранд. Гузашта аз ин, равоншиносон бар ин назаранд, ки барои рушди солими кӯдак ва ташаккули марҳилаи дилбастагии амин, модар то синни 2-солагии фарзандаш бояд доим ҳамроҳаш бошад. Аммо афсӯс, ки низоми корӣ ва ҷараёни ҳаёти имрӯзаи башарият на ҳар вақт барои модари коргар ва кӯдаки навзод чунин имконро фароҳам меорад. Ба хусус, агар рухсатӣ бо сабаби ҳомиладорӣ вақти кӯтоҳро ташкил диҳад. Модарони коргари муосир аз ҳама зиёд то яксолагии фарзандашон бо ӯ ҳамроҳ мемонанду баъдан аз пайи ҷустуҷӯи доя ва ё кӯдакистон мешаванд. Азбаски равоншиносон тарафдори то 4-солагӣ ҳамроҳ мондани кӯдак бо модар ҳастанд, тавсия медиҳанд, ки то синну соли мазкур волидайн аз пайи ҷустуҷӯи кӯдакистон нашаванд.

(давом дорад)

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s