Як қаҳва аз чангак!

Дар яке аз шаҳрҳои Италия шахсе ба дӯкони қаҳванӯшӣ медарояд. Ду қаҳва фармуда, якеаш ба чангак мегӯяд. Соҳиби дӯкон як қаҳва тайёр карда, ба муштарӣ дароз мекунад ва ба чангакҳои дар пушташ буда як коғазеро меовезад. Шахс якто қаҳваашро нӯшида пули ду қаҳваро дода аз дӯкон мебарояд. Баъдан ду шахси дигар даромада се қаҳва мефармоянду якеаш ба чангак мегӯянд. Онҳо низ яктогӣ қаҳва нӯшида пули се қаҳваро дода мебароянд. Соҳиби дӯкон бошад, боз ҳамон хел коғазеро ба чангак меовезад. Каме баъдтар ба дӯкон марди жандапӯше, ки фақир буданаш аз ҳолаш маълум буд, медарояд. Ба соҳиби дӯкон як қаҳва аз чангак мефармояд. Соҳиби дӯкон қаҳваи мардро тайёр карда ба ӯ дароз мекунад. Мард қаҳваашро нӯшида, ягон маблағ насупорида аз дӯкон мебарояд. Соҳиби дӯкон бошад, яке аз коғазҳои дар чангак овезон бударо мегирад.

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s