Кӯдак аз чандсолагӣ бояд ба кӯдакистон равад? –2

Чӣ тавр зикр гардид, марҳилаи дилбастагии амин дар рӯзҳои аввали кӯдак барои ташаккули олами ҳиссии ӯ нақши муҳимро мебозад. Агар то ин синну сол модар ба таври доимӣ ҳамроҳи фарзандаш монда натавонад, вазифаи мазкурро бояд шахсе ба ӯҳда гирад, ки кӯдак тавонад бо ӯ робитаи ҳиссии аминро барпо намояд. Чунин вазифаро албатта дар мадди аввал бибӣ, амма ва ё холаи кӯдак барин афроди наздики оила ба ҷо оварда метавонанд. Аммо бояд қайд кард, ки на ҳар модар аз чунин имкониятҳои оилавӣ истифода бурда метавонад. Чунки тарзи ҳаёти имрӯза метавонад оилаҳоро аз ҳам ба маконҳои дур «партофта» бошад. Пас, агар модари коргар чунин имконро надошта бошад, вазифаи тарбияи кӯдак аз кӯдакистон дида ба дояи боваринок ва соҳибмаърифат супорида шавад, беҳтар аст.

Қобили зикр аст, ки майнаи сари инсони болиғ аз 1,4 миллиард ҳуҷайра иборат аст. Аммо дар майнаи сари навзод солҳои аввал на ҳамаи ҳуҷайраҳои мазкур фаъоланд. Аз ин рӯ тақрибан 80%-и ҳуйаҷайраҳо аз синни 0 то 3-солагӣ миёни ҳам ба тадриҷ робита пайдо карда, фаъол мешаванд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки 50%-и робитаҳо миёни майнаи сар то синни 6-моҳагии кӯдак фаъол мегарданд. Аз ин ҷост, ки ба таълиму тарбияи солҳои аввали кӯдак бояд аҳамият ҷиддӣ дода шавад. «Агар чораи ягонаи тарбия ва таълими фарзанд доя бошад, пас ба ин ҳолат ҳамчун чораи муваққатӣ назар накунед. Зеро барои рушди солими кӯдак беҳтар мешавад, ки кӯдак то синни 4-солагӣ зери назорати як шахс гузаронад. Аз ин рӯ модари коргар дояеро бояд пайдо кунад, ки пас аз муддати кӯтоҳ, оиларо партофта наравад», қайд мекунанд равоншиносони соҳа.

Мақсад аз навиштани суханҳои мазкур таҳқир намудани дояҳо нест. Аммо чунин ҳолатҳо бисёр ба назар мерасанд, ки доя каме бо тарбияи кӯдак машғул шуда ҳамоно дилбазан мешавад ва модарро дар нимароҳ монда аз кор меравад. Чунин ҳолат одатан баъд аз 2 ва ё 2,5 соли машғулият бо кӯдак рух медиҳад. Минбаъд модар ҳам маҷбур мешавад, ки кӯдакашро ба кӯдакистоне диҳад. Аммо равоншиносон тамоман тарафдор нестанд, ки кӯдак дар ин синну сол ба кӣдакистон дода шавад. Онҳо ба модарон тавсия медиҳанд, ки каме сабр кунанду то 4-солагӣ бо тарбияи фарзанд шахсан машғул шаванд. Сабаби ҳолати мазкурро равоншиносон чунин шарҳ медиҳанд: «Дар ин синну сол аз модар дур мондани фарзанд рушд ва инкишофи ҳиссии ӯро таъсири манфӣ мерасонад. Чунин ҳолат дар зеҳни кӯдак изҳои манфӣ гузошта, заминаи таълиму тарбияи ӯро хароб мекунад».

Чун оила ҳуҷайраи хурдтарини ҷоме аст, тарбияи солими кӯдак ояндаи солими миллат мебошад. Дар ин раванд ҳам оилаҳо ва ҳам сохторҳои марбути давлат бояд корҳои муассир ва муфидро ба роҳ монанд.

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s