Об нӯшида сиҳат ёбед!

Ҳарчанд нӯшидани қаҳва ва чой боиси шикастани ташнагӣ мегардад, вале бояд донист, ки ҳеҷ кадоми ин нӯшокиҳо ҷои обро иваз карда наметавонанд. Норасоии оби тоза дар бадан сабаби баъзе аз бемориҳо шуда метавонад. Ба монанди дарди сар, номунтазамии фишори хун, ҳазмкунӣ, дарди гурда, рехтани мӯи сар ва ғайра.

Нӯшидани обро барои худ одат мебоист кард. Агар нӯшидани обро фаромӯш мекунам гӯед, дар рӯи миз як шишаи обро гӯзоред ва ҳар замоне, ки назаратон ба он меафтад, як қулт нӯшед. Ҳамин тавр дар як рӯз 2-2,5 литр об менӯшед, ки чунин одат бадан ва зеҳнро зинда нигоҳ медорад.

Аз хотир набароред, ки беш аз 70%-и бадани одамӣ аз моеъ иборат аст. Илова ба ин, азбаски 90%-и мағзи сар аз об иборат аст, натиҷаи манфии ташнагӣ аввал дар функсияи майна рух медиҳад. Аз ин рӯ яке аз сабабҳои дарди сари бардавом норасоии об дар бадан буда метавонад. Пас нӯшидани об метавонад ин дардро бартараф кунад, ки ҳоҷат ба дорухӯрӣ намемонад.

Ҳамчунин нӯшидани оби тоза боиси тару тоза нигоҳ доштани пӯсти одамӣ мегардад. Ҳар чӣ қадар мо обро зиёд истеъмол кунем, аломатҳои пиршавӣ ҳамон қадар дер рух медиҳанд. Ногуфта намонад, ки обнӯшӣ кори дилро низ таъсири мусбат мерасонад. Барои табобати бемориҳои зуком, бартараф намудани лихорадка (табларза) муассир аст. Илова ба ин гурдаро аз моддаҳои заҳрнок тоза мекунад. Гурда дорои системаи эвакзасия мебошад, ки моддаҳои заҳрнокро аз бадан хориҷ мекунад. Барои фаъолияти муътадили он истеъмоли оби фаровон лозим аст, то ки бо роҳи пешобронӣ моддаҳои заҳрнок хориҷ шаванд.

– Рабиева Ганҷина

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s