Равиоли бо панир

350 гр. орд, 2 дона тухм, 2-то зардии тухм, 300 гр. фарши мурғӣ, 1/2 бандчаи укроп, 100 гр. панири навъи филаделфия ё маскарпоне, 100 мл. шир, 1 л. пиёбаи говӣ (булён), 150 гр. панири пармезан, 1/2 қошуқча дорчин, 1/2 қошуқча мағзи мускати кӯфташуда, 1/2 қошуқча мурчи сиёҳ;


1. Дар зарфи калонтар фарши мурғиро бо як қисми панири пармезан, укропи резакардашуда ва панири навъи филаделфия омехта кунед. Ба он шир илова кунед. Ҳамаро аралаш карда, мағзи мускат, дорчин, мурч ва зардии тухмро илова кунед. Бо эътино аралаш кунед.

2. Барои тайёр кардани хамир орд, намак, об ва тухмҳоро илова намуда, то тайёр шудан хамир кунед.

3. Хамирро то андозаи ғафсии коғаз тунук кунед. Ба як қисми хамири тунукшуда бо фосилаи муайян ва андозаи хурд-хурд фарши тайёршударо монда бароед. Қисми боқимондаи хамирро каме тар карда, қисми фаршмондашударо пӯшед. Ҳамин тавр ду қисмро бо ҳам часпонед.

screen-shot-2016-10-21-at-13-05-294. Атрофи хамир ва байнҳои хамири фаршдорро нағз часпонед, ки кушода нашаванд. Хамирро ба чоркунҷаҳои 2,5 см буред. 

5.
Инак равиоли барои пухтан омода аст. Пиёбаи говиро ҷӯшонед. Ба пиёбаи ҷӯшидаистода равиолиро илова намоед. Вақто равиоли ба болои об мебарояд, бигзор боз 5 дқ пазаду сипас онро аз пиёба бароред.

6. Ба табақҳои хӯрокхӯрӣ каме аз пиёбаи говӣ рехта, равиолиҳои пухтаро илова намоеду аз болояшон боқимонда панири пармезанро пошед. Боз аз болояшон каме пиёба рехта, метавонед равғнаи маскаи обкардашуда ҳам резед.

–А. Дюма, “Лучшие рецепты”

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s