Имтиҳон. Пас аз ҳалли масъалаҳои дарсии дар рӯйи варақаи имтиҳонӣ буда, донишҷӯён дар ҳалли саволи охирин ҳайрон-ҳайрон ба ҳамдигар менигаристанд. Савол чунин буд: «Номи фаррошзане, ки ҳар рӯз синфхонаатонро тоза мекунад, чист?»
Яке аз донишҷӯён муаллимро мепурсад:
– Муаллим! Ҳо ин саволи охирин ба имтиҳон дахле надорад-ку, ба фикрам шӯхӣ кардед, ҳа?
– Шӯхӣ нест!- гуфт муаллим ва бо лаҳни ҷиддӣ илова намуд:
– Дар ин олам ҳама вазифаи худашро иҷро мекунад. Ҳар кас новобаста ба мақому мансаб, вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти милливу динияш сазовори эҳтиром аст!