Собир

Агар он субҳ ӯ ғайриодат аз хоб барвақт намехест, шояд зиндагияш мисли пештара ҷараён мегирифт. Аммо чӣ ҳикмате дар он субҳу дар он саҳархезӣ нуҳуфта буд, ки тамоми умрашро ба куллӣ иваз намуд. Ӯ аз панҷараи сардшудаи хона, ки равзанаҳояш кушода буданд, назар афканда ҳодисаи аҷиберо, ки боре ҳам мушоҳида намекард, дид: Хуршед панҷаҳои сурхи нармфишонашро сӯи олам бо шавқ паҳн мекард, хушнудиаш аз он буд, ки аз шарри пардаи сиёҳи шаб, ки хеле сахт фишору азияташ медод, раҳоӣ ёфтаасту кунун ба болои боми ҷаҳон аз нав қомат афрохта, дар мақоми ҳамешагияш устуворона ба вазифаи хеш шуруъ мекунад. Ҳама шароит рӯи осмон барои пешвози хуршед омода буд, лек ҳанӯз бераҳмии шаб дур нашуда, ки боз аз ҷонибе дуди тираи сарду тунди бод ба сӯи чеҳраи нарму гарми он ҳуҷум овард. Маҳзуниву дилгирии хуршедро аз ин ҳодиса мушоҳида кардан душвор набуд.

Ӯ аз ҳодисаи бо хуршед рух дода якбора дар ҳайрат монд. Бод бо сардию сахтиву фишоровариаш тамоми ҷомаи паҳнкардаи хуршедро рӯи замин аз нав ҷамъ карда, монеи нурфишониву ҷилваи пурзиёяш гашт. Хуршеди бечора бо тамоми ҷони шикаставу маҳзунаш такупо зада, хешро аз чанголи сарди бод халос кардан мехост, аммо қудрату тавоноии бод боз ҳам ғолиб меомад. Билохира, маҳзуну шикастаҳол ба ақиб гашт ва дарк кард, ки қудрату тавоноияш дар баробари бод кофӣ нест. Аммо маъюс нашуд ва интизори лаҳзаи мувофиқи хеш монд. Даст аз вазифаи хеш, ки ҳамеша рӯшноиву гармӣ додан аст, накашид. Даст аз сарсабз кардану ҳосил рӯёнидану нигаҳдории мувозинати ҳарорати Замин накашид. Ӯ сабр кард ва баъди чанде бод қуввати салтанати ҳамешагиашро дар осмон нигаҳ надошта, оҳиста тарки осмон карду нопадид гашт. Хуршед бе мамоният бар мақоми хеш, бо ҳамон шӯру шавқи пешина сари кор омад. Шиква аз вазъи кори ногувораш накарду бори миннат бар ҳеҷ мавҷудоте нагузошт. Гӯё чизе нагузашта бошад, ки орому осуда ва ботамкин бимонд.

       Ӯ оромона тирезаҳои хонаро баст ва маҳзунона ба сӯи офтоби ғолиб назар афканда, оҳи сарде кашиду ёди тамоми умри то чанд лаҳза пешаш дар хиҷолат гузошт, ҳол он ки то ин дам барояш тарзи умр басар бурда, хеле “дуруст” маҳсуб мешуд. Ӯро ҳодисаи оддитарини табиат водор сохт, ки бо умқи ҷонаш пай барад: То куҷоҳо бесабру заиф будаасту ба ҳама чизу кори дунё ба осонӣ даст ёфтан мехостааст. Вале ин субҳ барояш то охири умр сабр карданро дарс дод. Собир шуд ва оқибат муваффақият ҳамеша думболагираш гашт.

       Дар ҳақиқат, хуршедро низ абрҳои сарду сиёҳ ҳар сол чандин борҳо дар зери қаноти хеш мефишоранд, нопадид мекунанд, аммо хуршед билохира, чеҳраи хешро аз нав ба рӯи замин рӯшан менамояд, боз ба вазифааш шуруъ мекунад. Зеро ӯ ҳадафи ниҳоии хешро аз оғоз устувор гузошта буд ва аз пайи он равон аст. Зеро ӯ маънии ҳастии хешро хуб дарк кардаасту бо сабаби сардии ночизи ҳаво рисолати бузурги хешро намефурӯшад. Ӯ худро болотар аз ҳама мушкиливу носозгориҳо медонад. Инсони босабр ҳам кайҳо пай бурдааст, ки сардии зиндагӣ, панҷаҳои пурзахми рӯзҳо сипарӣ шуда, торикии дилгиркунанда ҳамешагӣ нестанд; рӯзҳои офтобию равшан дар пешанд. Аммо он сардиву  ториву афтишу хестан такрор ба такрор думболагираш хоҳанд шуд. Гурез аз онҳо маъние надорад. Лек истодагарӣ дар баробарашон чун кӯҳ устувору чун инсони комил бузургаш мекунад, қавиаш месозад.

       Сабр он қувваеро дорост, ки саранҷоми қуллаеро ба бор хоҳад овард. Инро собир хуб медонад ва вазъияти зиндагиашро ба хубу бад, рӯзҳояшро ба бобарор ва бебарор ҷудо намекунад. Дар ростои нафси хеш устуворона нафас мекашад, аздастрафтанҳову бадастоварданҳоро бо якхел вазъи руҳӣ қабул мекунад. Ҳар фармону сухани Ҳақ ва гуфтаҳои Ҳабиби Ӯ (с.а.в.)-ро мисли як даъватномае ба сӯи ҷаннат меҳисобад. Ба хотири ҳадафи ҳақиқии лоязолаш аз баҳри ҳама чиз гузашта метавонад.

       Ӯ ин ҳамаро аз файзи насими субҳи барвақт аз хоб бархостааш пай бурд. Файзи саҳар чӣ неъмате будааст!

–Нилуфари Ҳайдаршоҳ

 

 

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s