5 дона бойимиҷон, 500 гр гӯшти қиммакардашуда, 3 дона помидор, 4 дона қаламфури булғорӣ, 2 дона пиёз, намак , 1 қошуқча мурч, 1 қошуқча қаламфури сурх, равған;
1. Бойимиҷонҳоро дар ҳаҷми 2 см дар шакли ҳалқаҳо бурида, ба зарфи оби намаккардашуда бо муддати 15 дқ мегузорем, то ки талхии он бароварда шавад.
2. Ба қиммаи гӯштӣ намак (мувофиқи табъ), равған, мурчу қаламфури сурх хуб илова карда, ҳамаро омехта мекунем ва ба як тараф мегузорем.
3. Баъдан булғориҳоро тоза карда, помидор ва пиёзҳоро ба чор қисм тақсим мекунем. Намак карда ба як тараф мегузорем.
4. Акнун бошад ба пухтани кабоб шуруъ мекунем. Аввал боймиҷонҳоро аз об мегирем. Ба лаълии тафдон каме равған мемолем. Аз боймиҷонҳои резакарда як дона гирифта онро бо каме аз қиммаи тайёршуда гулак карда ба якдигар ҷафс ба руйи лаълии пухтупаз мегузорем. Ҳамин тавр то тамом шудани боймиҷон ва қиммаи гӯштӣ онҳоро пайи ҳам оростан мегирем.
5. Пас дар маркази лаълии пухтупаз помидор, пиёз ва булғориҳои ба чор қисм тақсим кардаамонро мегузорем.
6. Дар охир лаълиро бо фалгаи алюминии пухтупаз рӯпӯш карда, кабобро дар дараҷаи 220°С дар тафдон мегузорем. Пас аз 30-35 дқ агар боймиҷонҳо мулоим шуда бошанд, фалгаро мегирему то сурх шудани кабоб боз мепазем.
7. Пас аз пухта тайёр шудани кабоб, ба табақҳои хӯрокхӯрӣ гирифта, метавонед ҳамроҳи ҷурғот ва ё мост тановул намоед.
Бо иштиҳои том!
– Манижа Махсумова