5 принсипи мактаббачагони хушбахти Дания

Дания ҳамчун кишвари хушбахттарин дар ҷаҳон эътироф шудааст. Соли 2016 он бори дигар ба ин унвон ноил гашт. Шаҳрванди Дания Малин Рюдал дар китобаш “Ба мисли даниягиҳо хушбахт” якқатро хусусиятҳои муҳими чунин ҳолати мақбули ин кишварро зикр мекунад.

Хостем хонандагони сомонаро бо принсипҳое шинос намоем, ки мактаббачагони даниягиро дар тӯли ҳаёташон муваффақ ва хушбахт мегардонад. Тааҷҷубовар аст, ки принсипҳои асосии таълимӣ бо оне, ки низоми маорифи муосир барои худ ҳамчун меъёр муайян кардааст, бакуллӣ фарқ мекунад.

Аълохони синф будан дуюмдараҷа аст

Дар низоми таълиму тарбияи Дания баҳову натиҷаҳои санҷишиву имтиҳонӣ дуюмдараҷаанд. Диққати асосӣ дар раванди таълим ба донишдӯстдор гардидани хонанда ва рушди шахсии ӯ дода мешавад.

Дар мактабҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ҳар як хонанда сифатҳои олии одамиро, ба монанди далериву ҷасорат тарбия диҳанд. Чунин усули таълим дар хонанда, новобаста ба маслак ва касбу кори дар оянда машғул мешудааш, худбовариро тарбия дода, барои ҷомеа ва кишвари хеш имкони фоидаовар буданро медиҳад. Дар навбати худ, чунин ҳисси шаҳрвандӣ шахсро итминони касбӣ мебахшад.

Нақшаи таълимӣ-тарбиявӣ дар мактабҳо тавре тарҳрезӣ шудааст, ки хонандагон тавонанд бе мушкилӣ онро аз худ кунанд. Чунин усули таълим мактаббачагонро имкон додааст, ки ҳамагон бо муваффақият адои таҳсил намоянд. Зеро низоми таълим на танҳо барои беҳтаринҳо, балки барои ҳама пешбинӣ шудааст.

Инкишофи малакаҳои шахсӣ мисли хондану навиштан муҳим аст

Нақшаи таълимии мактабӣ дар навбати аввал ба тарбияи малакаҳои шахсӣ, бахусус барои тарбияи фарди мустақили ҷомеа равона шудааст. Ва ин суханҳои хушку холӣ нестанд. Зеро дар қонунгузорӣ оиди маорифи Дания омадааст, ки таълими мактабҳои ибтидоӣ на танҳо омӯзонидани хатту саводро дар бар мегирад, балки барои инкишофи малакаҳои шахсии хонанда низ имкони лозимаро бояд фароҳам оварад. Назди муассисаҳои томактабӣ (бағчаи кӯдакона ва муассисаҳои омодакунии томактабӣ) як қатор масъалаҳо пеш гузошта шудаанд: бой гардонидани фонди луғавии кӯдак, бо қоидаҳои мактабӣ шинос намудан, омӯзонидани ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳамулпазирӣ, ба ҳаёти мустақилонаи иҷтимоӣ омода намудани кӯдак.

“Қорӣ-азёдкунӣ” мақбул нест

Усули таълимии мактабҳои Дания хонандаро ташвиқ мекунад, ки маълумоти лозимаро мустақилона пайдо карда, озмоишҳо гузаронида, сарчашмаҳоро таҳлил намояд. Зеро педагогҳои даниягӣ бар он назаранд, ки иштироки фаъолона ва мустақилонаи хонанда ҳангоми донишомӯзӣ муассиртар аз “хоида додани маълумот” аз ҷониби муаллим аст.

Мактаббачагони даниягиро ба ҳар маълумоти ба даст овардашуда бо шакку шубҳа назар карданро меомӯзонанд. Ҳамин тавр дар раванди омӯзиши масъала хонандагон аз қолабҳои шахшуда, ки метавонад ҳангоми омӯзиш ва таҳқиқи маълумот халал расонад, раҳоӣ меёбанд. Чунин усули таълим дар онҳо ҳисси худшиносиро парвариш дода, соҳиби дидгоҳ ва назари мустақили хеш мегардонад.

Эҷодкор будан, шуури интиқодӣ доштан ва ташаббускорӣ барин сифату малакаҳо мақбултар аз “қорӣ-азёдкунӣ” пиндошта мешаванд.

   Натиҷа аввалиндараҷа нест; муҳим некӯаҳволии хонанда аст

Агар усули таълимии кишвари Данияро бо усули таълимии кишварҳои дигар бинобар натиҷаҳои имтиҳонҳои хатмкунии хонандагон муқоиса кунем, муҳол аст, ки Дания мақоми сазовореро ноил гардад. Вале бо ҳамаи ин Дания шомили даҳгонаи кишварҳои соҳиби низоми маорифи беҳтарин аст. Илова ба ин дар радаи сеюми рейтинги низоми таҳсили олии миллии кишварҳо дар соли 2016 қарор дорад.

Маорифи кишвар кӯшиш мекунад, ки хонандагон ва донишҷӯён раванди таълимиро ҳамчун рӯзҳои азобу машаққат миёни рӯзҳои истироҳатӣ напазируфта, баръакс аз ҷараёни таълим ҳаловат баранду баҳравар гарданд.

Ҳамчунин барои шаҳрвандони ҷавоне, ки то ҳол муайян накардаанд дар оянда бо кадом касбу кор машғул шудан мехоҳанд, низоми маориф муассисаҳои пас аз мактабиро (Efterskole) барои ҷавонони аз 14 то 18-сола пешбинӣ кардааст. Дар ин гуна муассисаҳо ҷавонон барои боз ҳам аниқтар кардани касбу машғала ва ё пайдо кардани ҳадаф дар ҳаёти хеш як сол таълимашонро давом медиҳанд. Илова ба ин дар муассисаи пас аз мактабӣ ҷавонон бо соҳа ва касбҳое шинос мегарданд, ки дар мактабҳои миёна доир ба онҳо маълумот дода намешуд ва ё барои он соати камтар ҷудо шуда буд. Ин қабил соҳа ва маслакҳоро эҷодкорӣ, санъаткорӣ, варзиш, меҳнат ва ғ. ташкил медиҳанд. Яке аз хусусиятҳои муҳими ин гуна муассисаҳо он аст, ки хонандагони муваффақ ба ҳамсабақҳояшон барои боз ҳам осонтар гузаронидани раванди иҷтимоишавӣ ва ё пайдо кардани роҳу равиши мустақилона дар ҳаёт кӯмак мекунанд.

%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8%d1%8f_1

Имкониятҳои баробар

Гуфта мешавад, ки танҳо 11%-и шаҳрвандони Дания ҳангоми интихоби маслак маоиши баландро аввалиндараҷа мешуморанд. Ҳол он ки Дания яке аз давлатҳое мебошад, ки дар он андозҳои баландтарин дар дунё ситонида мешаванд. Вале новобаста ба ин шаҳрвандон аз пайи ғун кардани молу мулки зиёд талош намекунанд. Хонандагони мактаби миёна огоҳ карда мешаванд, ки даромаднокии маслак маънои дилписанд ва барои ҷомеа муфид будани онро ифода намекунад.

Низоми машварати касбии пешрафта интихоби касбу кори болида ва татминкунандаро барои фарди ҷомеа қулай мекунад. Дар ин самт хизматрасонии иҷтимоии махсус кор карда, хонандагони синфҳои болоии мактаби миёнаро барои интихоби мактаби олӣ ва ё техникумҳое, ки онҳо мехоҳанд дар оянда соҳиби ин ё он маслак шаванд, кӯмак мерасонанд. Дар синфҳои болоӣ маҷлисҳои доимӣ гузаронида мешаванд. Дар рафти чунин маҷлисҳо хонандагон ҳамроҳи муаллимонашон ба таври инфиродӣ оиди интихоби касбу кори ояндаашон машваратҳо мегузаронанд.

Тақрибан 50%-и ҷавонони даниягӣ мутмаинанд, ки касбу кори ояндаашонро озодона интихоб намуда, дар оянда аз ӯҳдаи ҳаёти мустақилона баромада метавонанд.

Малин Рюдал Данияро кишвари “зудамали иҷтимоӣ” меномад. Зеро ӯ боварӣ дорад, ки дар Дания ҳаркӣ хоҳад, новобаста ба мақоми иҷтимоӣ, муваффақ шуда метавонад. Яке аз сабабҳои чунин комёбиҳо ройгон будани низоми таълиму тарбия дар кишвар аст. Дар асл маблағи хонишро давлат месупорад. Ба донишҷӯён аз хазинаи давлатӣ бурсия ҷудо карда мешавад. Онҳо, новобаста ба вазъи моддӣ-молӣ, бурсияҳои ҷудошударо барои пардохти маблағи хониш ва эҳтиёҷоти рӯзмарра сарфа мекунанд.

– таҳияи Шомаҳмадова Ситора

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s