Роҳбалади нафарони қавиирода

Китоб: “Сила воли. Как развить и укрепить”

Муаллиф: Келли Макгонигал

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2014

Теъдоди саҳифа: 320

Забони китоб: русӣ


Чанд маротиба ба худ ваъда дода будем, ки “ана акнун аз ҳафтаи оянда машқҳои варзиширо сар мекунам!”, “баъд аз моҳи рамазон носкашиву сигоркаширо мепартоям!”, “минбаъд барои рушди шахсиям ҳар моҳе як китоб мехонам!”, “ҳатман ҳамроҳи оила ва фарзандонам бештар вақт мегузаронам!” ва ғайраву ғайра ваъдаҳои бевафо…?

Рӯзҳову ҳафтаҳо паси сар мешаванд; моҳу солҳо ҳамчун оби равон рафтан доранд. Вале ҳеҷ не, ки ҳамон рӯзҳои рӯшане расанду мо барои рушди моддӣ-маънавӣ, халосӣ аз танбалӣ ва тағйири як қатор одатҳои бадамон қадами созандае гузорем. Бале, инсон фарзанди одатҳои хеш аст. Мо дар рафти зиндагонӣ як қатор гуфтору суханҳо, амалу рафторҳоеро ба ҷой меорем, ки дар зершуури мо сабт шудаанду ғайриихтиёрӣ онҳоро ба ҷой меорем. Чунин гуфтору рафторҳои механикӣ ба одат табдил ёфта, кайфият ва сифати ҳаётамонро муайян мекунанд. Агар он одатҳо хуб бошанд, хуш ба ҳоламон; вале, агар он одатҳо бад бошанд, пас ҳатман аз пайи ислоҳи онҳо бояд шуд. Зеро чунин одатҳои бад на танҳо ҳаёти мо, балки ҳаёти атрофиёнро низ “сиёҳ” карда метавонад.

Китоби профессори Донишгоҳи Стенфорди ИМА Келли Макгонигал бо номи “Сила воли. Как развить и укрепить” барои нафароне, ки дар ҳақиқат мехоҳанд ҳаёт ва зиндагонии худ ва атрофиёнаашонро беҳтар гардонанд, роҳбалади хуберо ташкил дода метавонад. Ҳарчанд ин асар ҳоло бо забони тоҷикӣ мавҷуд нест, вале шахси қавиирода онро бо забони русӣ ҳам хонда “ҳазм карда” метавонад. Муҳтавои китоб аз тавсия ва методикаҳои созанда барои тарк намудани одатҳои бад ва касби одатҳои хуб иборат аст. Дар баробари хонандаи муқаррарӣ асари мазкур барои мутахассисони соҳа низ фоидаовар хоҳад буд. Зеро профессор Макгонигал табиати пайдоиш одатҳо ва таъсири онҳоро ба иродаи инсонӣ бо мисолҳои зиёд ва осонабёнӣ шарҳ додааст.

Келли Макгонигал аллакай солҳои зиёд боз дар донишгоҳи бонуфузи Стенфорд курсҳои махсусро бо номи “Илми иродаи қавӣ” мегузаронад. Пас аз чор ҳафтаи курсҳои мазкур 97%-и донишҷӯён одатҳои рӯзмарраи хешро беҳтар шинохта, 84%-и онҳо иброз доштаанд, ки иродаашон боз ҳам қавитар гаштааст. Келли Макгонигал мутмаин аст, ки новобаста ба синну сол ва машғулият ҳар нафаре, ки мехоҳад бо истифода аз қувваи ирода сифати зиндагонияшро беҳтар гардонад, бе мушкилӣ муваффақ шуда метавонад.

Ҳамчунин ногуфта намонад, ки соҳиби одатҳои хуб ва иродаи қавӣ гаштан аввали кор мебошад. Муҳим он аст, ки чунин сифатҳои воло давомнок ва пойдор гарданд. Китоби “Сила воли” барои он нафароне мебошад, ки ба қуллаҳои “инсони комил” уруҷ карданро барои худ ҳадаф гузоштаанд. Ҷаҳд кунед!

8 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s