Модар

Модарон бо насими файзи рӯзгорашон боғи маърифати моро аз навниҳолони фарҳангдӯсту адабпарвар бою ғанӣ гардонида, фарзандони солим, нури дидагони солеҳ ва ояндагони сертолеъро дар ҷамъияти мо ба воя расонида истодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар рӯз тариқи радиову телевизион ва ё рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҳодисаҳои нохуш, мисли куштору заду хӯрдҳои шадид огаҳ мешавем, ки аз тарафи ягон шахс ё ашхосе ба амал омадаанд. Ҳамаи ин гунаҳгорон, қотилон, майзадаҳову нашъамандон ва бероҳагардонро як замоне модаронашон ҳамчун кӯдакони маъсум, бо як меҳру муҳаббати беандоза навозиш мекарданд. Умед бар он доштанд, ки ҳангоми барҷомонадагӣ фарзандашон мададгору ғамхори онҳо мешаванд. Ҳамон гунае, ки дар хурдӣ онҳо дастгирашон буданд.

  Дар ҳама давру замон модароне ҳастанд, ки аз тарбияи хуб надоштани фарзандашон шикоят мекунанд. Рӯзе аз роҳ мегузаштам, ки ҳамсоязанҳо дар ҳалқа бо ҳам нишаста, дарди дил мекарданд. Ман, ки аз наздикии онҳо мегузаштам, сухани саршор аз дарду алам ба гӯшам расид. Ба симои модар назар кардам зани нуроние буд. Дар байни ҳамсояҳо хеле ҳалиму меҳрубон ва шахси бомаърифат шинохта мешуд. Дар рафти сӯҳбаташ аз фарзандаш шикоят мекард ва рафтору кирдорашро як-як бо алами зиёд нақл мекард. Баъдан дар сарам суоле пайдо шуд, ки оё барои тарбияи фарзанд нияти нек кардану бошавқат будан басанда нест магар?

Модоме, ки модарон нисбати фарзандонашон ин қадар бошавқату нияташон пок мешавад, пас чаро аксар вақт дар натиҷаи тарбияи фарзандашон бо ноумедиву рӯҳафтодагӣ рӯ ба рӯ мешаванд? Чӣ гуна аз модарони бошавқату меҳрубон, ки аз онҳо бӯи биҳишт меояд, фарзанди нохалафу бадкор ба воя мерасад? Аҷабо дар куҷо хато карда бошанд, ки аз кӯдаки ширине, ки як замон бо умедҳои зиёд дӯстдорӣ мекарданд, имрӯз нисбати волидайн ва ҷомеа ин қадар бераҳму бевиҷдон рафтор карда метавонад? Агар модари ҳомила фарзандашро дар хоб ба мисли қотил, хоини ватан, дузду авбош бинад ҳам бовариаш намеояд. Зеро ҳадаф аз соҳиби фарзанд шуда, ӯро ба воя расонидан ин нест.

Модар будан як санъат аст. Санъатест, ки басо душвору меҳнаташ хеле гарон мебошад. Аз ин рӯ барои “санъаткор”-и ҷодаи тарбияи фарзанд будан омӯзиш ва кӯшиши зиёд лозим аст. Хусусан модарони ҷавон барои чунин таҷрибаи ҳаётӣ бояд адабиёти лозимаро варақ зада, бо мутахассисони соҳа машваратҳо гузаронанд. Чун кӯдак бароямон амонат аст ва ӯ ҳаёти хешро аз варақи сафеду тоза сар мекунад, модар аз ҳар хату нуқтаи он варақ масъул аст. Аз ин рӯ барои ба воя расонидани фарди солиму солеҳи ҷомеа лозим меояд, ки болои он коғаз нақшҳои зебо нигошта шаванд.

– Рабиева Ганҷина

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s