Нос – бадбӯӣ ё кайфияти замона?

Ҷавони носкаш малакаи дурусти дарккуниро аз даст дода, ҳофизааш заиф мешавд. Бахусус истеъмоли нос аз синну соли хурдӣ сабаби каҷхулқ, гапнодаро ва беадаб гаштани чунин наврас мегардад.

Моддаи никотинии нос барои муқимини Осиёи Марказӣ бегона нест. Дар саросари минтақа аз он моддаи зараровар ҷавонону пиронсолон, зану мард фаъолона истеъмол мекунанд. Баъзеи носкашон бар он назаранд, ки ин модда аз растании тамоку, ахлоти мурғ ё оҳак, об, равған омода карда мешаваду инсонро таскин мебахшад. Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарарҳои аниқу дақиқи моддаи никотинии носро то ҳол муайян накардаанд, вале бинобар ҳоли худи носкаш аниқ гуфтан мумкин аст, ки ҳеҷ фоидае ба сломатии инсон расонида наметавонад.

Зарарҳои бардавом истеъмол намудани нос

1. Онкологҳои ӯзбекистонӣ эълом медоранд, ки 80%-и беморони гирифтори саратони забон, лаб, дигар узвҳои холигии даҳон ва саратони гулӯро носкашон ташкил медиҳанд.

2. Азбаски дар таркиби нос ахлоти ҳайвонот мавҷуд аст, истеъмоли чунин модда боиси сирояти бемориҳои гуногуни рӯда ва гепатити вирусӣ мегардад.

3. Боғбонон аз таъсири ахлоти мурғ ба растаниҳо хуб огоҳанд. Зеро он растаниро “месӯзонад”. Табибон иброз медоранд, ки ҳамин тавр ахлоти мурғ низ узвҳои дарунии инсонро “месӯзонад”. Аввал қисми даҳон ва узвҳои ҳозима зарар мебинанд. Баъд аз истеъмоли бардавоми нос шахс гирифтори бемории захми меъда (язва) мегардад.

4. Азбаски моддаи асосии таркиби носро тамоку ташкил медиҳад, он дар инсон тобеияти никотиниро ба бор меорад. Мутахассисони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ин усул истеъмоли тамокуро, яъне дар шакли нос дар даҳон нигоҳ доштан, зараровартар аз ҳамчун дуд додани он дар шакли сигор пиндоштаанд.

5. Наркологҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ба ин боваранд, ки нафарони носфурӯш барои  саргарм нигоҳ доштани бозори худ ва тобеъ намудани мизоҷон, ба дохили нос моддаҳои мадҳушкунанда ҳам илова мекунанд. Бинобар ин дар носкаш тобеияти наркотикӣ ва тобеият ба ҳар гуна моддаҳои кимиёвӣ низ пайдо мешавад.

6. Табибон носро ба қатори моддаҳои психотропӣ низ ворид кардаанд. Истеъмоли чунин моддаи психотропӣ ба инкишофи равонии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ҷавони носкаш малакаи дурусти дарккуниро аз даст дода, ҳофизааш заиф мешавад. Бахусус истеъмоли нос аз синну соли хурдӣ сабаби каҷхулқ, гапнодаро ва беадаб гаштани чунин наврас мегардад. Равоншиносон қайд мекунанд, ки носкашии бардавом дар ҷавонон боиси тағйирёбии шахсият ва хароб гаштани психикаи ӯ мегардад.

7. Истеъмоли нос аз ҷониби кӯдакону наврасон зуд тобеиятро пайдо мекунад. Ва носакшӣ бароящон як ҳолати муқаррариро пайдо мекунад. Аз ин рӯ бо гузашти замон  чунин наврас аз пайи завқи моддаҳои муассиртар мешавад. Дар ин марҳила касе кафолат дода наметавонад, ки ин кӯдак барои чашидани наркотикҳо талош намеварзад.

8. Саломатии холигии даҳон ва хусусан дандонҳои носкаш хароб гашта, одатан чунин нафарон аллакай то синни 50-солагӣ бе дандон мемонанд.

Ҳамсарони нафарони носкаш, ҳарчанд дар рӯзҳои аввал аз бӯйи даҳони ғализ ва нафаси бадбӯи ҷуфташон шикоят мекунанд, вале афсӯс, бо мурури замон онҳо низ ба тақдири хеш тан дода, аллакай ба ин расвоиҳо одат мекунанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки зарари чунин одати бад на танҳо ба худи носкаш, балки атрофиён, зану фарзанд, ёру рафиқонро низ азият бахшида, ба онҳо зулм мекунад. Тибби муосир кайҳо боз зарар ва зиёни чунин маводи никотиниро исбот кардааст. Ва ҳоло гуфта мешавад, зумраи олимони шаръӣ низ оиди ин масъала таҳқиқот мегузаронанд. Ҳарчанд дар алоҳидагӣ аллакай як қатор олимону донишмандони дини мубини ислом ҳукми истеъмоли чунин маводи зарароварро шаръан ҳаром хондаанд, вале ҳукми дастаҷамъонаи ниҳоӣ ҳоло бароварда нашудааст. Новобаста ба ин ҳукм Офаридгор инсонро соҳиби ақли расо ва заковати пухта гардонидааст. Ва илова ба ин Ӯ ҳукме баровардааст, ки ҳарчӣ барои ҷисму рӯҳи инсонӣ зиёновар аст, ҳаром буда, инсонро лозим меояд аз он дурӣ ҷӯяд. Аз ин рӯ носкашон бори дигар иродаи хешро ба даст гирифта, бошуурона аз чунин одати нафрин даст кашанд.

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s