Телевизор “қотил”-и инсон аст

Гарчанд рушду инкишофи технологӣ ба ҳаёти фарди ҷомеа осонӣ ва раҳовати бештарро овардааст, вале бе шубҳа қайд кардан лозим аст, ки чунин раванд ба робита ва муносибатҳои инсонӣ халал ҳам расонид. Хосатан дар рӯ ба рӯи телевизор вақтгузаронии зиёд афроди оиларо ба ҳам бегона сохта, дар баробари ин ба саломатии шахс таъсирҳои манфӣ мерасонад. Инак хостем дар бораи чунин зарарҳои “раиси хона” – телевизор каме маълумот диҳем.

%d1%82%d0%b2

1. Телевизор холестеринро баланд мекунад

Бинобар таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Калифорния дар соли 1990 маълум гашт: кӯдаконе, ки беш аз чор соат дар назди монитори телевизор ё компютер вақт мегузаронанд, бо сабаби камҳаракатӣ ва истеъмоли хӯрокҳои ғайрисолим (фастфуд) холестирини зиёд дошта, чор маротиба бештар аз норасоӣ ва бемориҳои дил шикоят мекунанд.

2. Телевизор шахсро асабӣ ва хашин мекунад

Соли 1960 профессор Роуэл Гусман барои муайян намудани таъсири ВАО (васоити ахбори омма) ба психикаи кӯдакон ва рафтори дағалонаи онҳо таҳқиқот мегузаронад. Баъд аз мушоҳидаи даҳсола таъсир ва робитаи аниқ миёни хушунати воқеӣ ва хушунат дар ВАО муайян гашт. Кӯдаконе, ки дар телевизор шоҳиди манзараҳои хашин гаштаанд, дар ҳаёти хеш низ бештар хашину дағал рафтор мекунанд. 

2.jpg

3. Телевизор кӯдаконро нодону камақл мекунад

Бинобар таҳқиқоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс маълум гашт: кӯдаконе, ки дар давоми рӯз беш аз 2 соат дар назди телевизор вақт мегузаронанд (хусуан кӯдаконе, ки дар ҳуҷраи шахсияшон телевизор доранд), нисбат ба ҳамсолонашон дар таҳсил номуваффақтаранд.

4. Телевизор сифати нутфаро коҳиш медиҳад

Мутахассисон аз Донишгоҳи Гарвард муайян кардаанд: сифат ва қувваи нутфаи мардонаи онҳое, ки дар назди телевизор вақти бештар мегузаронанду камҳаракатанд, нисбат ба нутфаи мардоне, ки серҳаракатанд то 44% заифтар аст. Теъдоди нутфа дар манӣ пас аз 20 соат дар як ҳафта вақтгузаронӣ дар назди телевизор то рафт коҳиш меёфтааст.

5. Телевизор одамро ҷинояткор мекунад

Як гурӯҳ муҳаққиқони британиягӣ 11 ҳазор кӯдакро, ки солҳои 2000-2002 таваллуд шудаанд, зери таҳқиқ қарор додаанд. Онҳо муайян карданд: кӯдаконе, ки беш аз се соат дар як рӯз телевизро тамошо мекарданд, бештар майл ба қонунвайронкунӣ (хушунат ва дуздӣ) доштаанд.

6. Эҳтимол, телевизор одамро мекушад

Бинобар омори 1500 нафар беморони саратон, онҳое, ки то муайян намудани беморӣ вақти зиёд телевизор тамошо мекарданд, нисбат ба беморони дигар фурсати камтаре барои табобат дошта, аксарияташон муддати панҷ сол мефавтиданд.

7. Телевизор сифати хобро паст мекунад

Дар натиҷаи таҳқиқоти муштараки Беморхонаи кӯдаконаи Massachusetts General Hospital ва Донишгоҳи Гарвард муайян шуд: ҳар соати дар назди телевизор мегузаронидаи кӯдак ё навзод 7 дақиқаи хоби солимро кам мекрадааст. То ҳатто танҳо вуҷуди телевизор дар ҳуҷраи хоб сифат ва муддати хобро нимсоат коҳиш медиҳад.

8. Телевизор ба рушди гуфтори кӯдак халал мерасонад

Таҳқиқот муайян кардааст, ки кӯдак ҳарчӣ бештар телевизор тамошо кунад, ҳамон андоза лаҳни гуфтор ва талаффузи калимаҳо коста мегарданд. Як соат дар назди телевизор гузаронидаи навзод шинохти 770 калимаро коҳиш медиҳад. Чунин раванди ғайрифаъол садобарорӣ ва талаффузи кӯдакро таъсир мерасонад. Таҳқиқоти мазкур исбот мекунад, ки инкишофи гуфторашро танҳо суҳбат бо ӯ метавонад такмил диҳад. Дар рӯ ба рӯи телевизр шинонида гумон кардан, ки ҳарчӣ бошад кӯдак калима меомӯзад, ғалат аст.

9. Телевизор барои алкоголнӯшӣ водор мекунад

Таҳқиқоти мутахассисон аз Нидерландия ва Канада муайян кард, ки нафарони ҳангоми телевизор тамошокунӣ нӯшокиҳои алкоголӣ истеъмолкунанда, вақти пахши навор, ки дар он чунин нӯшокӣ акс медиҳад, нисабт ба дигарон 1,5 шиша зиёдтар аз ин нӯшокии зараровар истеъмол мекунанд.

10. Телевизор умри одамро кӯтоҳ мекунад

Коршиносон аз Австралия баъд аз таҳқиқи одатҳои шаҳрвандонашон ба чунин холсае расиданд, ки телевизор тамошокунӣ умри инсонро кӯтоҳтар мекунад. Ҳамин тавр онҳо қайд кардаанд, ки дар як рӯз шаш соат тамошо кардани телевизор 4,8 солро аз умри инсон кӯтоҳ мекунад. Ба хусус баъд аз синни 25-солагӣ ҳар як соати чунин вақтгузаронӣ 22 дақиқаи умри касро мегирад.

8

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s