Агар ҳамсарон ҳамкор бошанд

Равоншиносон бар ин назаранд, ки ҳаёти оилавии аксар ҳамсарони ҳамкор ҳузур надорад. Онҳо қайд мекунанд, ки барои идомаи ҳаёти оилавӣ ва нисбат ба ҳамдигар робитаҳои ногусастанӣ барпо намудан, беҳтар аст ҷойи кори ҳамсарон аз ҳам алоҳида бошад. Чунки нақши “ҳамсар” аксар вақт метавонад бо нақши “ҳамкор” омезиш ёфта, одоби касбиро аз байн барад. Яъне талотуми корӣ метавонад миёни ҳамкорон дилозурдагиро ба бор оварад.

Гузашта аз ин фитратан занҳо мехоҳанд, ки дар ҳар шароит диққати ҳамсарашонро ба худ ҷалб намоянд. Чунин хоҳиши фитриро дар муҳити корӣ ҳам ба кор мебаранд. Ҳол он ки дар корхона мардони бегона ҳам мавҷуданд. Ҳарчанд зан худро барои ҳамсараш оро дода зебо мегардонад, вале дар муҳити бегона ҳамсар ӯро доим рашк карда, эҳтимол боси дилшикании ҳадру ҷониб гардад. Ин гуна вазъияти хиҷолатбахш дар корхона намонда, ба хона ҳам интиқол ёфта, метавонад ҳузури хонаводаро ҳам безобита кунад.

Ҳамчунин мардон низ фитратан дар талоши ҳимоя намудани ҳамсаронашон ҳастанд. Чунин талоши фитрӣ дар корхона ҳам акси худро медиҳад. Аз ин рӯ метавонад ба профессионализми ҳар ду ҷониб халал расонида, сабаби бадтар шудани фаъолияти корӣ гардад. Дар муҳити корӣ хоҳу нохоҳ баъзан мушкилиҳо пайдо мешаванд. Агар бинобар пайдоиши чунин мушкилиҳо зан аз маъмурият “гап шунавад”, эҳтимол мард худдорӣ накарда, барои ҳимояи ҳамсараш дағалона рафтор кунад.

Гузашта аз ин равоншиносон қайд мекунанд, азбаски ҳамсарони ҳамкор анқариб 24 соат ҳамроҳ вақт мегузаронанд, дар муносибати оиладорияшон сардӣ пайдо мешавад. Зеро бо ҳам вақтгузаронии доимӣ бо гузашти замон миёни онҳо улфатро ба бор меорад. Ҳамсарон барои он, ки нисбати ҳамдигар меҳру муҳаббаташон “зинда ва тару тоза” монад, бояд пазмони дидори ҳамдигар бошанд. Таҳқиқот муайян сохтааст, ҳамсароне, ки ҳамдигарро дар давоми соатҳои корӣ нодиртар мебинанд, меҳру муҳаббат ва садоқаташон нисбати ҳамдигар бештар мегардад. Чунин ҳолат ба ҳамсарон ҳисси фардият ва ҳамзамон ҳисси тамомиятро мебахшад. Вале ҳамсарони ҳамкор аз ин навъ ҳиссу дарки лозима маҳрум мемонанд. Баъзе аз чунин “ҳамкорон” қайд мекунанд, ки аллакай аз ҳамдигар хаставу дилмонда ҳам шудаанд.

Барои диққати ҳамсарони ҳамкор:

  • Аввал ин, ки нақшҳои хонаводагиро бо нақшҳои корхона омезиш надиҳед. Яъне мушкилиҳои оилавӣ бо мушкилиҳои корхона набояд ба ҳамдигар халал расонанд.
  • Мавзӯи суҳбатҳои дохили оила берун аз гапу кори корхона бояд бошанд.
  • Агар дар рафти соати корӣ баҳси ҳамсарон боиси низоъ гардад, он баҳсу озурдахотириро ба хона набурда, дар ҳамон корхона боқӣ гузоред.
  • Дар муҳити хона нисбати зан ҳамчун кадбонуи хона меҳрубонона рафтор намуда, нисбати мард ҳамчун ҳомӣ ва раиси хона ба ӯ арҷ гузоред.
  • Агар соҳиби фарзанд бошед, ба ҷой овардани масъулияти падару модарро аз хотир набароред. Зеро яке аз масъулиятҳои чунин нақш ин изҳори шафқат ва меҳрубонӣ ба кӯдак аст.
  • Ҳамсарон набояд аз хотир бароранд, ки қадам задан ба хона, ин маънои қадам задан ба дунёи дигар аст. Ва ҳар дуи ҳамсар ба ин дунёи дигар зиёд эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ ҳавои афгори корхонаро ба муҳити пур аз ҳузуру меҳрубони хона овардан маъное надораду кори оқил нест!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s