Мураббии башарият

Зоҳиран инсон ҳамчун мутадайин рафтор намуда, дар баробари ин холӣ аз ибодат буда метавонад. Аз ватанпарварӣ сухан гуфта, аз марази ришваситонӣ халос намеёбад. Худро шахси зоҳиран дурусткор, соҳибахлоқу боадаб вонамуд карда, дар айни ҳол нисбати ҳифз ва амин нигоҳ доштани амонати миллат беэътиноӣ мекунад. Ҳамчунин нафаре метавонад зоҳиран тимсоли кулли ахлоқи ҳасана буда, вале уфуқи рӯҳияш аз ин гуна ахлоқи зебо бенасиб монаду он ба умқи ақлу дилаш нақш наофарад. Афсӯс, ки дар чунин ҳолат инсон метавонад фардо ҳамаро аз даст диҳад. Зеро тамоми ҳаёташро болои арзишҳои сохтаву сунъӣ бино намудааст. Бо вазидани шамоли ҳақиқат, ҳамчун баргҳои тирамоҳӣ обрӯву манзалаташ хазонрез гарданд. Чунин нафари зоҳиран порсову ватандӯстро ҳамагон дӯст доранд ҳам, вале фардо баъд аз аён шудани ҳақиқат, метавонад ба манфуртарин одам табдил меёбад. Оқибат ва тақдири ҳар нафари ғаразҳои шахсияшро паси пардаи арзишҳои маънавӣ пинҳонкунанда чунин аст. Тапиши дили шахс аз рӯзи аввал то ба нафаси охирин бояд якранг зада, ҳеҷ гоҳ хилофи фитрат рафтор накунад.

Акнун як нафареро тасаввур кунед, ки худ ба арзишҳои таблиғкардааш яқинан боварӣ дорад ва дигаронро ҳам дар ин самт ҳисси эътимод мебахшад. Ҳар дили имондорро бо лаззати ибодат шавқу ҳаяҷони беандозаи рӯҳӣ мебахшад. Ҳар гоҳе сухан аз ахлоқ гӯяд, аввалан худаш онро зиндагӣ карда, дигаронро ҳам ба он роҳнамун мешавад. Аз ҳама муҳим, арзишҳое, ки то охирин нафас барои дигарон ҳомӣ ва ҳодияшон буд, ҳамчунин то мазор ранг иваз накарда, тамсилгари содиқи онҳо мемонад. Бе шубҳа, чунин фарди ҷомеа меъёр ва тимсоли ростиву садоқат буда, мураббии кулли башарият аст. Он Мураббии ягона, Фариди кавну замон танҳо ва танҳо Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) буда метавонад. Зеро то имрӯз ҳеҷ як нафар, ҳатто душманони роҳи ҳаққи Ӯ, ҳеҷ кас Расули акрамро (с.а.в) бо дурӯғгӯӣ ё хиёнату бевафоӣ муттаҳам накардааст. Ҳам дӯст ва ҳам душман фазилати он обидаи ахлоқро эътироф намуда, бо ҳар усуле бошад барои худ аз Ӯ дарси ҳаёт гирифтааст.

Аз чунин Мураббии (с.а.в.) бузург чандҳо нафар сабақ гирифта, минбаъд чароғи дилҳои тирашуда ва нафарони дар тори шаб дармонда гаштаанд. Таърих исми чунин муршиду донишмандони башарриятро бо ҳарфҳои заррин нигошта, Устоди (с.а.в.) устодонро дар садри тамоми мавҷудот нишондааст.

Мадҳу санои барҳақ танҳо Ӯро (с.а.в) зебанда аст. Ва чӣ хоштелеъ он нафарест, ки пайрави содиқаш гашта, ҳамин тавр ҳаёти хешро маъно бахшида, аз пайи ҳадафу мақсадҳои улвӣ равона аст. Зеро қадри инсон бинобар арзиши ҳадафаш муайян мегардад. Ва ҳар нафаре, ки ба ин роҳ бо даъвои тамсил ва таблиғи ҳақиқат мебарояд, боре ба ҳаёти худ ва ҳаёти он Мураббӣ (с.а.в) назар кунад. Чун кайфияти залилонаи замони муосир зоҳиру ботин, ҳаққу ботил, нуру зулмотро боҳаму дарҳам додааст, ҳаркӣ то имрӯз худро порсо донист, бори дигар бинобар меъёрҳои нигоштаи Зиёи ҳақиқат (с.а.в) истинтоқи нафс кунад!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s