Кӯдаки 10-солае ба дӯкони қаннодӣ ворид мешавад.  Духтари пешхизмат дар ҳол наздаш меояд. Кӯдак ӯро мепурсад:

– Торти шоколадӣ чанд пул аст?

– 25 сӯм, ҷавоб медиҳад пешхизмат.

Кӯдак тангаҳои дар ҷайбаш бударо бароварда ҳисоб мекунад. Баъдан боз мепурсад:

– Яхмос чӣ?

– 20 сӯм, бесаброна ҷавоб медиҳад духтар.

Дӯкон пур аз муштарист ва хизмати ҳамаи онҳоро пешхизмат танҳо ба ҷо меоварад. Боз чӣ қадар нози ин кӯдакро сабр мекарда бошад. Кӯдак пас аз посух тангаҳояшро бори дигар ҳисоб карда, «Якто яхмос меовардед»,- мегӯяд.

Духтарак яхмосро бо чекаш оварда, ҳамоно назди мизи дигар мешитобад. Кӯдак яхмосро хӯрда, чекро ба назди хазина бурда, маблағашро месупораду меравад. Каме баъдтар вақте пешхизмат барои тоза кардани мизи кӯдакнишаста меояд, чашмонаш пур аз об мешаад. Дар табақи холии яхмос 5 сӯм ҳаққи хизмат истода буд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s