Муъҷизаи офариниш: УШТУР

Асрҳои тӯлонӣ боз муқимони биёбон аз хизмати уштур ба пуррагӣ истифода мебаранд. Аз он натанҳо чун маркаб ва ҳаммоли бор истифода мекунанд, дар айни ҳол барои биёбониҳо манбаи шир, гӯшт ва пашми гарон ҳам мебошад. Ҳарчанд шаклан уштур ҳайвони азимҷуссаи боҳайбат менамояд, вале табиатан мулоимфитрат ва аҳл аст. Ҳатто як кӯдак онро ба осонӣ идора карда, ба самти лозима равона карда метавонад. Ҳамчунин дар масъалаи хӯриш нозук набуда, аз ҳар растании пешомадааш истеъмол мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки уштур дар рӯзҳои тӯлонии беоб аз ҳисоби низоми фитрии атошудааш барои идомаи ҳаёти худ аз захираҳои дар ҷисмаш ҷамъкарда истифода мебарад. Олимони австралиягӣ собит сохтаанд, ки агар ба уштур об надода, онро танҳо бо растаниҳои тозарӯидаву намнокашон баланд нигоҳубин кунед, уштур 34 рӯз бе об зиндагӣ карда метавонад.

Дар Каломи раббонӣ чунин фармуда шудааст, ки «Оё онҳо ба уштур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?!» (Ғошия, 88/17). Пас биёед, бо ин мӯъҷизаи илоҳӣ, ки пайдоишаш аз имконоти тасодуфии табиат ва раванди такомул (эволютсия) фарсах-фарсах дур аст, аз наздик шинос шавем:

уштур.png

1. Димоғ: Димоғи пешбаромадаи уштур иборат аз қабатҳои мушак аст ва ҳини тӯфонҳои хоколуди биёбон димоғ пӯшида мешавад. Дар қисмати дохилии пушти димоғ системаи салқинкунанда мавҷуд аст. Дохили димоғи уштур шакли печдарпечро дорост, ки он аз нафаси кашидашуда 66%-и намиро ақиб кашида, барои салқингардонии хун, чашм ва майнаи сари уштур истифода бурда мешавад.

2. Лаби боло: Лаби болояш гӯштӣ буда, аз байн ҷудо аст. Уштур бо ёрии лаби болояш растаниҳои хордорро, ки дар биёбон фаровонанд, ба осонӣ канда, бо ёрии оби даҳонаш онҳоро мулоим карда хуб хойида фурӯ мебарад.

3. Чашм ва гӯш: Гӯш ва чашмони уштур хурд буда, мижгонаш нисбатан дарозтаранд. Гӯшҳояш бошанд дорои пашми зиёданд. Дар вақти тӯфон чашмонаш оби зиёд ҷудо мекунанд. Аз ин рӯ чашм ва гӯшҳои уштур аз тӯфонҳои зиёди биёбонӣ эмин нигоҳ дошта мешаванд.

4. Зону, оринҷ ва қафаси сина: То ин ки буғумҳо осеб набинанд ва шикам аз ҳарорати гарми қум ҳифз карда шавад, зону, оринҷ ва қафаси сина ғафсу ғузруф ва ба шакли сипар офарида шудаанд.

5. Гардиши хун: Ҳарорати бадани уштур бо сабаби аз ҳад зиёди гармӣ ташна монда то ба 42°С мерасад. Бо идораи ҳарорати бадану гардиши хун уштур арақ намекунад ва ҳамин тариқ бухоршавии оби бадан пешгирӣ карда мешавад.

6. Хун: Эритроситҳои хуни уштур барои ба осонӣ бо об, намӣ ва оксиген таъмин шудан, имкони то 200 маротиба аз ҳаҷми муқаррарӣ калон шуданро дороянд.

7. Меъда: Уштур муддати 15 дақиқа то 200 литр об нӯшида метавонад. Аз се меъда дар якеаш, ки дорои 800 ҳуҷрача аст, об ва хӯрока захира мешаванд. Ҳангоми рӯзҳои зиёди беобӣ ва беғизоӣ, уштур аз ҳисоби обу хӯрокаи захирашуда ҳаёт басар мебарад.

8. Кӯҳон: Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, уштурҳо яккӯҳона ва дукӯҳона мешаванд. Кӯҳон танҳо макони захираи обӣ набуда, ҳамчунин дар он равған ҳам ҷамъ мешавад ва ҳини зарурӣ он равғанҳо об шуда, оби дохили кӯҳон ба кӯмаки уштур мерасад.

9. Гурда: Шакли махсуси гурда ва роҳи дарози пешоб имконият медиҳад, ки то хуруҷи пешоб аз бадан, миқдори зиёди об аз пешоб кашида шуда, боз ба бадан гардонида шавад. Азбаски миқдори пешоб ва об кам ва намак зиёд мегардад, барои уштур об ва растаниҳои шӯрро хӯрдан ҳам қулай мегардад.

10. Дум: Вақте уштур пешобашро оҳиста-оҳиста хориҷ мекунад, думашро ба чапу рост ҷунбонида қисми пушти баданро салқин мекунад.

11. Қисми охири рӯда: Бо кӯмаки ҳуҷайраҳои махсуси қисми охири рӯда аз ахлот намӣ кашида шуда боз ба бадан гардонида мешавад.

12. Пойҳо: Суми уштур табақшакл буда аз байн каме ҷудо карда шудаанд. Аз ин рӯй чунин шакли сум уштурро аз ғӯтидан дар хоки биёбон эмин медораду ба осонӣ ҳаракат карданашро таъмин месозад. Ҳамчунин таги суми уштур аз моддаи кератинӣ шакл гирифтааст, ки ҳини роҳгардӣ аз нӯгҳои тези санг ва гармии хоки биёбонӣ осеб гирифтан эмин нигоҳ дошта шаванд.

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s