Замоне подшоҳи як мамлакат дар байни роҳи одамгузар, ки сӯйи қасраш мебурд, санги калонеро мемонад. Худи подшоҳ дар канори роҳ пинҳон шуда, сайри воқеаро тамошо мекунад.

Тоҷирон, корвонҳо, бойҳою ходимони қаср аз он роҳ бо душворӣ атрофи сангро давр зада мегузаштанд. Ва ҳар як роҳгузар ба ҳамдигар подшоҳро айбдор карда мегуфт:

– Ин ҳоли ҳазратро бин, андозҳои зиёдро аз мо меситонаду аммо як шаҳрашро тоза нигоҳ дошта наметавонад.

Баъдан як деҳқоне, ки ҳар рӯз ба қаср меваву сабзавот меовард, аз он роҳ мегузарад. Ӯ барои нафас рост кардан каме дар назди санг дам гирифт. Борашро аз китф фароварда, бо ду дасташ сангро бо душвории зиёд аз ҷояш ҷунбонида ба канор партофт. Вақте хост борашро боз ба китфаш монда роҳашро давом диҳад, дар ҷойи санг як кӯзаеро пур аз тилло бо хате пайдо мекунад.

Дар он навишта шуда буд: «Ин кӯзаи тилло аз они шахсест, ки сангро аз роҳ мебардорад».

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s