Ҳайкалтарош Хосе Мануэл Кастро Лопес аз Испания бо сангҳои гуногун як навъ асарҳоеро ба миён меоварад, ки касро дар ҳайрат мегузоранд. Ӯ моҳирона сангро ба ҳар гунае хоҳад, монанди хамири пластилин шакл медиҳад. Худи Хосе Мануэл чунин рағбаташро ба ирода ва шавқи омӯзиши табиати санг хос мебинад. Ҳамчунин ӯ қайд мекунад, ки ба кадом шакл даровардани сангро қаблан тарҳрезӣ накарда, вақти дидани санг қарор медиҳад.
One Comment Add yours