Дар хона дигару дар кӯча дигар

«Аз ҳама хайрхоҳтарини шумо ҳамонест,
ки бо оилааш муомилаи хуб дошта бошад»

Агар зан ё кӯдакро пурсед, ки аз шунидани кадом ҷумла бештар нафрататон меояд, бешубҳа ҷавоб хоҳанд дод: «Шавҳарат/падарат аҷаб инсони хуб аст». Ҳайратовар аст, ҳамин тавр не? Наход баъзан кас аз шунидани ҳарфи хуш дар ҳаққи шахси наздикаш нафрат кунад? Бале, чунин ҳарфи хуш нафрати онеро меорад, ки мард нисбати аҳли хонавода хашин асту нисбати бегонагон рафтору гуфтори ҳалим дорад.

Бечора зан сарфаҳми ҳаёт рафта тавонист, аммо сарфаҳми шавҳараш не. Солҳост, ки бо ӯ зиндагӣ мекунад. Ба як болин сар мемонанд, аммо рафторҳои шавҳарашро ҳеҷ фаҳмида наметавонад. Вақте мебинад, ки шавҳараш ду шахсияти ба ҳам зидро таҷассум мекунад –дар хона дигар асту дар кӯча комилан дигар– бештар ғамгин мешавад. Агар чеҳраи дигари ҳамсарашро ҳеҷ намедид, шояд, ба ин дараҷа ғам намехӯрд. Охир, ҳамсараш баробари ба хона расидан ҷиддӣ мешавад. Дар қиёфааш осори ҷиддият падидор мегардад. Гумон мекунед, ки тамом, ҳамин ҳоло аз даҳонатон гапи ноҷо баромад, шуморо ба қаъри замин мефиристад. Гумон мекунед, ки ягон намояндаи давлатист, ки дар гуфтушуниди дипломатӣ нишастааст. Дар сураташ осори табассум нест. Ҳар қадар ки хоҳед, қавоқӣ гуфтан гиред.

Дар хона бо доду ҳайбат гап мезанад. Ишорае кифоя аст, ки фарёдаш, асабонияту ҷаҳлаш шиддат биёбад. Фикр мекунӣ, ки тамоми сабру тоқаташро пушти дар гузошта, баъд вориди хона шудааст. Камтарин садо ё овози баландро таҳаммул надорад. Кӯдакон гӯё фарзандони ӯгайанд барояш. Ҳама бегона. Омадан баробар рӯякӣ як «Салом!» мегӯяду сипас хапу хомӯш мешавад.

Писараш ба ҳуҷраи хоби худ гузашта, боалам мегиряд. Аз он афсӯс мехӯрад, ки чаро падараш бо ӯ мисли дигарон меҳрубонӣ намекунад. «Кошкӣ падарам бо мо низ тавре муомила кунад, ки бо нафарони дигар муомила дорад!». Муносибати падараш бо хоҳарзодааш, ки дишаб ба меҳмонии онҳо омада буд, ҳар боре, ки ба ёди ҷавон мерасад, дилаш ғамгин мешавад. Мард дуру дароз бо ӯ суҳбат карда, ҳазлу шӯхӣ намуд. Аз ҳаёти гузашта ёд овард ва пурсид, ки оё ягон эҳтиёҷ дорад ё на. Барои кадом кори хоҳарзодааш дарҳол кадом рафиқашро тамос гирифта, танбеҳ дод, ки бо хоҳарзодааш ҷиддӣ машғул шавад. Ҷавон қариб буд, ки он ҳангом гиря мекард. Охир, барои таҷрибаомӯзии вай заррае ҳам таваҷҷуҳ накарда буд, падараш.

Ҳайрати зан бо гузашти солҳо меафзуд. Шавҳараш, ки «кор дорам» гуфта, дар рӯзи таваллуди фарзандаш ба таваллудхона ҳозир нашуда буд, се ҳафта пеш барои ҷарроҳии ҳамсари як рафиқаш дар соати сеи шаб давутоз мекард. Агар дар соати сеи шаб ӯро барои бурдани ягон аъзои оилааш ба беморхона аз хоб бедор кунанд, бо дили нохоҳам аз ҷой мехест ва шахси бедоркардаро пушаймон мекард. Вале ин «қаҳрамонӣ»-и ӯро аз ҳамон зани рафиқи шавҳараш фаҳмида буд. Он зан шифо ёфта, ба вай занг зада гуфта буд: «Шавҳарат ҳамон шаб шавҳарамро хеле кӯмак кард. Худо аз ӯ розӣ шавад! Чӣ хушбахт зане ҳастӣ, ки чунин шавҳар дорӣ!» Бо шунидани ин гап қариб буд, ки гӯшии телефонро партояд. Охир шахсияти ҳақиқии шавҳарашро чӣ гуна ба ин зан фаҳмонад? Зеро ҳолати хонагии шавҳарашро ба касе бовар кунонда наметавонист. Ҳатто ба модараш. «Не духтарам, муболиға мекунӣ, шавҳарат ин гуна набудагист»,- гуфта буд модар.

Мард ҳар қадар ба аъзои хонаводааш сарду хашмгин ва бепарво бошад, ҳамон андоза ба одамони берун ҳалиму меҳрубон аст ва як шахсияти тамоман дигар. Гӯӣ фариштаи некист. Дар нармӣ нарм, дар боодобӣ боодоб ва дар кӯмакрасонӣ ба ҳама кӯмакрасон.

Шахсе, ки дар оила аз даҳонаш гап намебарояд, ҳамин ки ба берун назди дигарон рафт ва ё ба хонаашон меҳмон омад, чунон хушгапу боодоб мешавад, ки аз рафтораш ҳаваси кас меояд. Ҳазлу зарофат ба осмон мепечад.

«Падарат аҷаб инсони шӯх аст»,- гуфта буд боре ба духтар як дугонааш, ки ба хонаашон барои дарстайёркунӣ омада буд.

Вай ба ҳамсинфонаш шахсияти ҳақиқии падарашро фаҳмонда наметавонист, зеро бовараш намекарданд. «Ту ношукр ҳастӣ», – мегуфтанд дугонаҳояш ба вай. Бинобар ин, кӯшиши фаҳмондан намекард, зеро бефоида буд. Ҳатто як дафъа барои исботи худ аҳволи хонагии падарашро ба навор гирифтанӣ ҳам шуд.

Ба фикратон чаро чунин аст ин мард? Оё ӯ дар ҳақиқат ҳам инсони нарму боодоб ва кӯмакрасон аст?

Бо боварӣ гуфта метавонем онҳое, ки дар хона дигару дар кӯча дигаранд, хубиро на ба хотири хубӣ кардан ва ё ба хотири ба даст овардани ризои Худо анҷом медиҳанд, балки ба он хотир, ки баҳо ва тавсифи дигаронро ба даст оранд. Талоши онҳо ба хотири хубӣ нест, балки онҳо мехоҳанд, ки ҳамчун инсони хуб муаррифӣ шаванд.

«Инсони хуб шудан» ҳарчанд ба мардҳо хос намояд ҳам, ба занҳо низ тааллуқ мегирад. Зеро бештари маврид занҳое, ки барои шавҳарашон хӯрокро осемасар тайёр мекунанд, вақте ба хона меҳмон ояд, чунон кадбонуе мешаванд, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. Ба кӯча рафтанӣ шаванд, худро ду соат дар назди оина орову торо медиҳанд, аммо дар назди шавҳарашон парешону беороишанд. Ва ин намунаи душахсиятии занон ҳам аст.

Меъёри инсони мукаммалу хайрхоҳро Паёмбари Акрам (с.а.в.) ба мо кайҳо боз гуфтаанд: «Аз ҳама хайрхоҳтарини шумо ҳамонест, ки бо оилааш муомилаи хуб дошта бошад».

Бешубҳа, танҳо бо татбиқи ҳамин ҷумла хавфи вайроншавии чандин оила аз миён меравад. Ва қалбҳои бешумори занону кӯдакон аз шикастан нигоҳ дошта мешаванд.

Ба Шумо ҳузури оилавӣ хоҳонем!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s