Мактаб

Бо расидани фасли тирамоҳ, ҳам волидайн ва ҳам фарзандон дар тараддуди оғози соли хониш мешаванд. Инак, ду моҳи таҳсил паси сар шудааст ва ҳаяҷони рӯзҳои аввал гузаштан доранд. Хостем атрофи аҳамият ва вазифаи мактаб, дарс ва муаллим каме андеша ронем. Гарчанде ба ин “сегонаи муҳим” бо сабаби улфат ва унсгирӣ башарият аҳамияти камтар медиҳад, вале бе шубҳа бояд қайд кард, ки ҳаёт аз мактаб оғоз меёбад.

Миёни арзишҳои маънавӣ-фарҳангии мардуми тоҷикистонӣ мактаб ва муаллим аз қадим мақоми хосаро доро буданд. Зеро дар назари мо мактаб ҳамчун лабараторияи ҳаётӣ ва дарсҳо ҳамчун иксири ҳаёт ҳастанд. Худи муаллим бошад, қаҳрамони шифохонаи асрорангезро ба ёд меорад.

Мактаб ҷойи донишомӯзист. Дар он доир ба ҳаёти дунявӣ ва ҳаёти ухравӣ донишҳои лозима омӯзонида мешаванд. Дар асл худи ҳаёт ҳам як мактаб аст. Аз ин ҷост, ки буду боши ҳаётро мо аз мактаб меомӯзем. Мактаб ҳодисаҳои муҳими ҳаётиро нури ирфонӣ бахшида, ҳикмати онҳоро бароямон рӯшан мекунад. Ҳамин тавр он толибилмонро қобилияти кашф кардан ва дарку шинохти ҳодиса ва ашёро мебахшад. Донишомӯзи чунин муассисаи муҳими иҷтимоӣ идрок ва тафаккури фардро ба ваҳдат расонида, аз ҷамъ ба ягонагӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз мактаб айни маъбад аст ва азизони чунин маъбад танҳо ва танҳо муаллимон мебошанд.

Муаллими ҳақиқӣ ба сони ранҷбар кишту ҳифзи тухмиҳои покӣ ва асолатро ба худ вазифа медонад. Ӯ бо тарбия ва такмили навдаҳои қавиирода машғул шуда, бинобар ҷараён ва вазидани ҳодисаҳои ҳаётӣ онҳоро роҳбалад буда, муршиди ҳақиқии ҷомеа аст.

Мактабе, ки дар ҳақиқат рисолати вуҷуд ва фаъолияташро ба ҷой меорад, дар фарди ҷомеа ҳисси фазилатро инкишоф медиҳад. Мудовимини хешро ба камолоти рӯҳӣ расонида, бо олами малакут ҳамсаф месозад. Аммо харобазорҳои дар зоҳир зебову лек дар асл тафассуҳгашта талабагонро беш аз авбошиву лавандӣ қудрати чизе омӯзонидан надоранд. Онҳо асрҳои тӯлонӣ метавонанд фарзандони миллатро мутеи аҷнабиён сохта, ботини ҷомеаро махсус аз илму ирфон холӣ нигоҳ доранд. Бинобар ин насли чунин миллат қарнҳои зиёд метавонад назди миллатҳои дигар хиҷолатзада гашта, ғурури миллияш таги пой шавад. Ва ҳар ҷомеае, ки ба ин соҳаи ҳаётӣ таваҷҷуҳ зоҳир накунад, оқибат дар панҷаи ҷаҳлу муттаҳамӣ тапида ҷон медиҳад.

Ҳарчанд инсон гумон мекунад, ки мактаб танҳо ҷузъе аз ҳаёташро машғул мекунаду ҳамоно ӯро озод мегузорад, вале раванди таҳсил дар мактаби муқаррарӣ танҳо ҷузъе аз раванди тарбияву такмил дар мактаби коинот аст. Аз ин рӯ мактаб шогирдонашро дарси ҳаёт дода, бояд ҳам дунё ва ҳам охирати онҳоро маъмуру обод гардонад.

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s