Муъҷизаи офариниш: ФИЛ

Филҳои африқоӣ яке аз ҳайвонҳои калонтарини ширхор дар рӯйи замин ба ҳисоб мераванд. Вазни миёнаи онҳо ба 6.5 тонна баробар аст. Қадашон то ба 3.9 метр баланд мешавад. Дандонҳои дарози фил бузургтарин дандони рӯйи олам ба ҳисоб мераванд. Дарозии миёнаи ин дандонҳо ба 3 метр баробар буда, 110 кг вазн доранд.

Филҳо қобилияти муайян намудани обҳои дар зери замин мавҷудбударо дороанд. Ҳамчунин онҳо пеш аз хоб кардан барои худ “болишт” омода мекунанд.

Ҳарорати муқаррарии бадани фил ба 39.9 °С гармӣ баробар аст. Вай дар як дақиқа 12 маротиба нафас мекашад. Вазни дили фил ба 12 кг баробар буда, дар як дақиқа 40 маротиба тапиш медиҳад. Умри миёнаи филҳо, агарки аз дасти шикорчиён намиранд, ба 30-40 сол баробар аст.

Соли 1930 дар Африқо 5-10 миллион фил мавҷуд буд. Соли 1980 ин теъдод ба 1.3 миллион коҳиш ёфт. Дар асри XXI бошад, теъдоди филҳои африқоӣ камтар аз 200.000 ва филҳои осиёгӣ 50.000 сарро ташкил медиҳанд.

Филҳо зуд-зуд шамол мехӯранд, вале атса задани онҳо ҳодисаи нодир аст. Агар фил атса занад, садои он ба таркиши силиндри оксигенӣ шабоҳат мекунад.

Дар хартуми фил 40.000 мушак мавҷуд аст. Хартуми фил қудрати аз реша канда партофтани дарахтро дорад. Ҳамчунин табиати офариниши хартум ба он имкон медиҳад, ки бӯйҳои барои инсон номаълумро бо осонӣ истишмом кунад. Ҳамин тавр он обро аз дурии 5 км ва филҳоро аз дурии 3 км ҳис карда метавонад. Нӯги хартуми филҳои африқоӣ тоқ ва нӯги хартуми филҳои осиёгӣ ҷуфт ва бисёр ҳам ҳассос офарида шудааст. Бо ин неъмати атошуда онҳо аз рӯйи замин ҳатто сӯзанро бо осонӣ бардошта, дарро кушода, аз милтиқ паронда ва банди пойафзолро кушода метавонанд.

Филҳо аз муш наметарсанд. Чунин боварӣ ғалат аст. Вале бояд қайд кард, ки филҳо аз харгӯш ва навъи сагҳои хурд тарс доранд.

Филҳо барои танзими фаъолияти узвҳои дарунӣ дар як шабонарӯз бояд 75.7 литр об нӯшанд. Ҳамчунин ҳар рӯз 18-20 соати умрашонро бо хӯрокхӯрӣ мегузаронанд. Як фил дар як шабонарӯз то 408 кг ахлот мебарорад.

Таҳқиқоти солҳои охир исбот кардааст, ки ҳассосияти шунавоии филҳо барои онҳо имкони шунавидани басомадҳои пастро фароҳам меорад. Бояд қайд кард, ки қобилияти шунавоии инсон шунидани чунин басомадҳоро надорад.

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s