Таъсири аз ҳам ҷудошавии волидайн ба кӯдак-1

Талоқ ва ё аз ҳам ҷудошавии падару модар яке аз таъсирҳои муҳими аз байн рафтани низоми оилавии мавҷуда аст. Ва имрӯзҳо падидаи мазкури нохуши оилавӣ бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ авҷ гирифтааст. Чунин вазъият ҳеҷ як фарди оиларо бетаъсир намегузорад ва маҷбур месозад, ки робитаҳои қаблиро нисбати ҳамдигар аз назар гузаронанд. Аз ин рӯ дар манбаҳои шаръӣ оварда шудааст, ягон ҳодисае, ки метавонад Арши илоҳиро ба эҳтизоз оварад, ин аз ҳам ҷудошавии ҳамсарон аст. Зеро паёмадҳои чунин ҳодисаҳои нохуш метавонад низоми иҷтимоиро низ таъсири манфӣ расонад.

Бешубҳа, душвории клонтарини аз ҳам ҷудошавии волидайнро фарзанди хонавода аз сар мегузаронад. Ва баъзан падару модари аз ҳам ҷудо шудаистода чунон гирифтори оворагӣ, асабишавӣ ва масъалаҳои боло ба болои ҳам омадаистода мешаванд, ки дар вартаи мазкур эҳсосоти фарзандашонро нисбати ин масъалаи барои кӯдак қабулнопазир тамоман фаромӯш мекунанд. Ҳол он ки кӯдаки ба низоми мавҷудаи оилавӣ унсгирифта, зеҳнан чунин ҳолатро дар худ ҳазм карда наметавонад. Волидайн инро бояд ба назар гирифта, тадбирҳои лозимаро ба ҷой оваранд.

Қабл аз қабули қарори ниҳоӣ оиди аз ҳам ҷудо шудан, ҳам падар ва ҳам модар болои ин масъала бояд ҷиддӣ фикр кунанд. Зеро ҳолати мазкур ба ҳаёти мавҷуда ва ояндаи афроди он хонавода дигаргуниҳои ҷиддиро ба миён хоҳад овард. Чунин пайомадҳои манфӣ натанҳо ҷиҳати моддиро ташкил медиҳанд, балки аз ҳама муҳим ба вуҷуди маънваӣ ва психологии афроди хонавода таъсиргузор хоҳад шуд. Сараввал волидайн бояд аз худ пурсон шаванд, ки оё кӯдак дар ҳоли мавҷуда зарари зиёд мебинад ва ё зарари бештар пас аз ҳам ҷудо шудани волидайн ба миён меояд? Дар муҳити оилавие, ки ҳамарӯза волидайн бо ҳам дар муноқишаву низоъ ҳастанд, кӯдак ҳам доим зери фишори шиддати оилавӣ қарор гирифта, худро бадбахт меҳисобад. Агар кӯдак доим зери фишори психологиву ҷисмонии волидайн қарор мегирифта бошад, чунин муҳити оилавӣ дар рушду тарбияи солими ҳамчун фарди ҷомеа ва ташаккули шахсияти ӯ зиёни бештар мерасонад. Аз ин рӯ беҳтар мешавад, агар волидайн сараввал дар пайи ҳалли ин мушкилот шаванд. Баъдан бори дигар бо ақли расо ва шуури солим қарори ниҳоияшонро аз назар гузаронанд.

Агар волидайн қарори ниҳоии аз ҳам ҷудо шуданро гирифта бошанд, пас масъалаи мазкурро бояд бо эҳтиёт ва эҳтимоми зиёд ба кӯдак фаҳмонида шарҳ диҳанд. Бояд дар назар дошт, ки пас аз талоқи волидайн ҳам ба ҳолати равонии кӯдак эҳтимоми зиёд бояд нишон дод. Ҳолати психологӣ ва иҷтимоии ӯ бояд зери назорати падар ё модар, агар лозим шавад, зери назорати мутахассиси равоншинос ба роҳ монда шавад. Муҳаққиқон бар онанд, ки аз ҳама беҳтараш падару модаре, ки қарори аз ҳам ҷудо шуданро гирифтаанд, 6 моҳ қабл аз талоқи расмӣ кӯдакро зери назорати равоншинос ба дигаргуниҳои аз пеш меомада тайёр кунанд. Ҳамин тавр кӯдаки оила ҳодисаи мазкурро метавонад нисбатан бе зиёни психологӣ паси сар кунад.

(давом дорад)

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s