Дар баробари сард гаштани обу ҳаво, саломатии инсон ҳам аз заъфияти худ дарак медиҳад. Азбаски истеъмоли кабудиву меваҳои тару тозаи тобистона камтар мегардад, ҷисми инсонӣ ба тақвияи ғизо, витамину минералҳои иловагӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад. Вале Офаридгори ҳар ҷисму ҷон инсонро ҳам дар ин мавсим аз неъматҳояш маҳрум нагузоштааст. Яке аз чунин сабзавотҳои саломатии инсонро тақвиятдиҳанда каду мебошад. Аллакай бо оғози мавсими тирамоҳӣ палакҳои саросари кишварамон аз ин неъмати бебаҳо фаровон мегарданд.
Каду (лот. cucurbit maxima) яке аз маҳсулоте мебошад, ки дар фасли сармо нисбатан харидораш зиёд мегардад. Дар таркиби каду қанд, сафеда, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералӣ, оҳан, магнезий, фосфор, калсий, витаминҳои A, D, B-6, B-12, C, B1, B2, PP барин барои организми инсонӣ моддаҳои лозима мавҷуданд.
Кадбонуҳои хона дар ошхонаҳояшон аз каду васеъ истифода мекунанд. Кадуро бештар дар буғи худаш мепазанд. Ин имкон медиҳад, ки таъсири минерал ва витаминҳои дар таркибаш мавҷудбуда аз байн нараванд. Каду сабзавоти шифобахш аст, аз ин рӯ дар ҳама фасли сол бояд аз фоидаҳои он истифода кард.
Дар баробари хӯрокҳои гуногуни болаззат омода кардан, ҳамзамон каду барои аксар бемориҳо низ шифобахш буда метавонад. Ба хусус барои пешгирии бемории Алсгеймер, саратон ва пиршавӣ муассир мебошад. Инчунин барои солимии чашму дил фоидаовар аст. Азбаски каду камғизо аст, истеъмоли онро ба шахсони фарбеҳ тавсия медиҳанд. Донаҳои кадуро барои табобат ва резондани кирмҳои меъда истеъмол мекунанд.
Гуфта мешавад, ки каду аллакай 7500 сол пеш дар заминҳои Амрико ва Мексика мерӯид.
– таҳияи Рабиева Ганҷина
2 Comments Add yours