Таъсири аз ҳам ҷудошавии волидайн ба кӯдак-2

Волидайн пас аз ба қарори ниҳоӣ расидан замони муносибро пайдо карда, ба кӯдак бо усул ва лаҳни мақбул сабаби аз ҳам ҷудо шудани худро эзоҳ диҳанд. Қабл аз шарҳи ҳолати ҷудошавӣ, синну сол ва ҳолати равонии кӯдак ба назар гирифта шавад. Дар рафти эзоҳдиҳии масъала ҳам падар ва ҳам модар иштирок кунанд. Дар аввали гуфтор кӯдакро бо суханони пур аз меҳру муҳаббат навозиш карда, барояш ҳисси амнро талқин диҳед. Аз ин пас падару модар аз ҳам ҷудо зиндагӣ карданашонро бо лаҳни муносиб ба забон оварда, чунин қарор ба нафъи ҳар фарди оила ҳатмӣ буданашро зикр кунед. Ҳамчунин, агар дар ҳақиқат чунин бошад, ба кӯдак шарҳ диҳед, ки роҳи дигари алтернативӣ мавҷуд нест. Бори дигар зикр мекунем, ки ҳангоми гуфтор бо кӯдак синну сол ва ҳолати равонии ӯ ба назар гирифта шавад.

Дар ин раванд баъзе кӯдакон аз ҳам ҷудошавии волидайнро бо душворӣ қабул карда, худро гунаҳкори асосӣ меҳисобанд. Чунин ҳолати равонии кӯдакро ба назар гирифта, такрор ба такрор ӯро бояд талқин дод, ки қарори мазкурро худи онҳо гирифтаанду фарзандашон ҳеҷ айбе надорад. Ва барои коҳиш додани шубҳаву тараддутҳои кӯдак, ӯро бояд бовар кард, ки новобаста ба қарори аз ҳам ҷудошавӣ во бо кӣ мондани кӯдак, ӯ ҳар доим метавонад падар ва ё модарашро зиёрат кунад, бинад, бо онҳо вақт гузаронаду муносибаташро бо онҳо давом диҳад.

Чӣ тавре қайд гардид, ҳолати равонии баъдинаи кӯдак ҳатман зери назорати равоншинос гирифта шавад. Хусусан аз ҳолатҳои асабии пинҳоние, ки бо мурури замон метавонад сар занад, огоҳ бояд шуд. Низоми нави ҳаётии кӯдак ба ҳаёти иҷтимоияш бе таъсир намегузарад. Чунин унсгирӣ вақту замонро талаб мекунад. Волидайн ҳатман огоҳ бошанд, ки ҳар навовариву дигаргунӣ ба ҳаёти минбаъдаи фарзандашон метавонад бештар таъсирҳои манфӣ расонад.

Як нуқтаи муҳими дигареро низ бояд қайд кард, ки пас аз рафтани падар аз оила, модар мехоҳад бо кӯдак боз ҳам шафиқтару меҳрубонтар рафтор кунад. Ин ҳолат натиҷаҳои манфиро ба миён оварда метавонад. Барои ҳамин, чӣ модар ва чӣ падар, дар ин раванди барои кӯдак ҳассос мувозинатро бо эҳтимом риоя намоянд.

(давом дорад)

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s