Ошпази “бемаҳорат”

Зане бо ҳунари ошпазӣ ва кадбонугиаш ном бароварда буд. Хӯрокҳои пухтааш ба ҳаде лазизу хушхӯр буданд, ки дар чор тарафи шаҳр аз маҳорати баландаш ёдовар мешуданд. Боре писар ва келинаш ба меҳмонии зан меоянд. Он рӯз зан вақти зиёдашро дар ошхона гузаронд. Барои меҳмонон хӯрок омода мекард. Шаб баробари писар ва келинаш чанд дӯсти деринаи оила низ ба меҳмонӣ даъват шуданд.

Вақте меҳмонҳои даъватӣ гирди суфраи хӯрокхӯрӣ нишастанд, ба ҳолати аҷибе рӯ ба рӯ шуданд. Аз чи бошад, хӯрокҳои он бегоҳ пӯхтаи зан хеле бемазза буду иштиҳои касро мегурезонд. Хӯришҳо шӯр, шириниҳо бӯйи орд мекарданд. Картошкаҳои пӯхтааш сӯхта сип-сиёҳ шуда, гӯшти самбӯсаҳо хом буд. Ҳарчанд писараш, келини нав ва дӯстони деринаш сир надода бошанд ҳам, намешуд. Дар рафти хӯрокхӯрӣ чандон боиштиҳо наменамуданд.

Ниҳоят, хӯрокхӯрӣ ҳам тамом шуд. Ҷуфти нав бо модарашон хайрухӯш карда, ба хонаи худ рафтанд. Меҳмонони дигар – дӯстони оила бошанд, қарор доданд, ки ками дигар мешинанд. Онҳо баъд аз рафтани писар ва келини зан аз ӯ пурсиданд:

− Кадбонуи моҳир ва ошпази беназир буданатро ҳамаи мо медонем. Лаззати хӯрокҳои туро борҳо чашидаем. Аз барои Худо, оё мегӯӣ, ки хӯрокҳои имшабаат чаро ин қадар бетаъму лаззат буданд? Ту ё беморӣ ё ягон мушкиле дорӣ!

Зан табассуми малеҳе дар чеҳрааш ҷавоб дод:

− Ягон мушкил надорам, бемор ҳам нестам. Хӯрокҳоро қасдан ҳамин хел омода кардам. Акнун баъди хӯроки имшаба писарам сари ҳар қадам хӯрокҳои модарашро таъриф карда, дили ҳамсарашро намеранҷонад.

– Башир Усмон, “Дидор”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s