Дар назари аввал чунин амал безарар менамояд. Шумо бинии худро ба бинии саг часпонида, бо он гуфтугӯ мекунеду вай бошад рӯйи шуморо бо забонаш мелесад. Ва ё ин ки аз кӯча ба хона бармегардед ва ҳамчун дуруд сагатонро бӯса мекунед. Ҳарчанд ин гуна амалҳо нишона аз дӯстдорӣ ва изҳори меҳру муҳаббати шумо нисбати сагатон аст, вале доир ба ин бӯсаҳо табибон огоҳ мекунанд: “Аз саг дур истед!”
Зарараш дар чист?
Табиб ва дотсенти илми тиб Нейланчан Нендӣ аз Коллеҷи тиббии Донишгохи Дрексели Филаделфия доир ба ин масъала кайд мекунад, ки даҳони аксар ҳайвонот “хона”-и бактерияҳо ва вирусҳои гуногун хастанд.
Доктор Нендӣ иброз медорад: “Дар таркиби оби даҳони саг сафедаҳое мавҷуданд, ки танҳо захми худашро тоза ва табобат мекунанд. Вале як қатор микро-организмҳои дигар барои саломатии инсон хатар доранд, ки маснунияти инсон тавони бародшт ва муқовиматро бо онҳо надорад”. Чунин бактерияҳо боиси бемориҳои зоонотикӣ мегарданд. Бемориҳои зоонотикӣ (ё зоонозӣ), бемориҳои хос ба ҳайвонҳо мебошанд, вале организми инсон ҳам гирифтори чунин бемориҳо шуда метавонад. Коршиносон қайд мекунанд, ки ин масъала танҳо ба сагон дахл надорад. Ҳайвонҳои дигари хонагӣ ва ғайра низ метавонанд сабабгори бемор шудани инсон шаванд.
Сафи ин гуна бактерияҳоро босили рӯдаи калон (Escherichia coli), клостиридий, салмонелла ва кампилобактерия ташкил медиҳанд. Леник Каплан байтор ва мутахассиси соҳа аз Донишгоҳи Корнели дар ин хусус қайд мекунад, ки бактерияҳои мазкур барои бемор кардани организми инсонӣ ҳам моил буда, метавонад зарарҳои ҷиддӣ расонанд.
Аз ин рӯ табибон ва байторон ба таври қатъӣ иброз медоранд, ки инсон метавонад соҳиби саге бошад ва онро дӯстдорӣ кунад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ба тамоси даҳонӣ, ки дар натиҷаи он бактерияҳои гуногуни оби даҳони саг ба даруни организми инсонӣ роҳ меёбанд, роҳ дода нашавад.
– таҳияи Махсумова Манижа
2 Comments Add yours