Волидайн баъд аз ҳам ҷудо шудан набояд дар ғиёбати ҳамдигар ва дар назди фарзанд якдигарро таҳқир кунанд. Масъалаҳои байни ҳами падару модар набояд ба фарзанд ошкор бошанд. Ҳолатҳои нохуши мазкур аксар вақт дар оила пас аз ҳам ҷудо шудан дида мешавад, ки он бо худ проблемаҳои дигарро ба миён меоварад. Дар айни ҳол фарзанд бояд бо падар ва ё модараш, ки бо ӯ зиндагӣ намекунад, агар ягон монеа ва душворие мавҷуд набошад, зуд-зуд вохӯрад ва пойдории ин робита нигоҳ дошта шавад.
Ҳамчунин вобаста ба ҷинсияти кӯдак бо мурури замон барои татмини эҳсосот ва дархост бо кӯдак яке аз хешовандоне, ки бо ӯ самимияти бештарро доро ва барояш ҳамчун намунаи ибрат аст, бояд дар тамос бошад. Ҳамин тавр кӯдаке, ки ҷудо аз падар бо модараш зиндагӣ мекунад, агар бо тағояш самимӣ бошад, нисбати баъзе масъала ва эҳсосоти мардонагӣ метавонад ҳамроҳаш суҳбат кунад. Вагарна мушкилиҳои писар-фарзанди бе падар ва ё марде, ки барояш ҳамчун намуна аст, калон мешавад, ҳалли худро наёфта, боиси рушди ғайрисолими руҳӣ-равонӣ мегардад.
Баъд аз ҳам ҷудо шудани падару модар ва дубора бо шахси дигар оиладор шудани онҳо табиӣ аст. Аммо кӯдакон масъалаи мазкурро баъзан бо нафрат ва дилшикастагӣ қабул мекунанд. Чунки дар шуури онҳо доим орзуи аз нав бо ҳам омадани падару модар зинда меистад. Аз ин рӯ, одатан пас аз дубора оиладор шудани падар ва ё модарро кӯдакон бо душворӣ қабул карда, нисбати падар ва ё модари «нав» нафрат пайдо мекунанд. Вайро доим бегона дида, дилсардона рафтор мекунанд. Барои муросо миёни фарди нави оила ва фарзанд вақт лозим мешавад. Ва агар ҳолати мазкур рӯз аз рӯз ранги ҷиддитар мегирифта бошад, ҳатман бо равоншинос ва мутахассисе машварат карда шавад.
One Comment Add yours