Даъват ба хайрхоҳиву муҳаббат

Китоб: Ҳадяи зиндагӣ” (маҷмӯи ҳикояҳо)

Муаллиф: Башир Усмон

Нашриёт: Ирфон, соли 2016

Теъдоди саҳифа: 115

Забони китоб: тоҷикӣ


“Ҳадяи зиндагӣ”, маҷмӯи ҳикояҳои Башир Усмон ва мушоҳидаву гирдовардаҳои ӯст, ки чанде пеш аз тариқи нашриёти “Ирфон” ба табъ расид. Маҷмӯа ҳикояҳои хурди панду ахлоқиро фаро гирифтааст, ки хонандаро ба накӯкориву хайрхоҳӣ ва бо дидаи меҳру муҳаббат нигаристан ба тамоми мавҷудоти олам даъват менамояд.

Ҳар як ҳикоя дар маҷмӯаи “Ҳадяи зиндагӣ” ба он талқин мекунад, ки инсон набояд танҳо зоҳири ҳодисаҳоро баҳо дода хулоса барорад. Балки барои дарки дурусти ҷараёни зиндагӣ, шинохти ҳамаҷонибаи инсонҳо ва огоҳӣ аз дарди дили онҳо зарур аст, ки андешаи дигаргуна дошта бошем. Барои мисол дар ҳикояи кӯтоҳи ин маҷмӯа бо номи “Шир” пирамарде миёни чодарҳои барои зарардидагони заминларза бунёдшуда гузар мекунад. Ӯ “шир, шир”-гӯён овоз баланд карда, мехоҳад шири дар зарфи дасташ бударо ба эҳтиёҷмандон диҳад. Аммо нафаре сари роҳаш баромада мегӯяд, “Ақлатро хурдаӣ, магар? Мо ин ҷо бо мурдаҳову захмиҳо овораем, ту бошӣ дар андешаи пул кор кардан ҳастӣ!”

Мӯйсафед бо шунидани ин сарзаниш бо овози ғамолуд ҷавоб медиҳад: “Ман дар ин заминларза чор набераи хурдсоламамро аз даст додам. Хостам шири мехур­даи онҳоро ба кӯдакони дигар тақсим кунам. Магар хато кардам?!”

Яъне, инсон бояд зуд ва осемасар хулоса набарорад, бояд дурандеш бошад ва паҳлуҳои дигари масъаларо низ дида тавонад. Умед дорем, ки “Ҳадяи зиндагӣ” писанди хонандагон хоҳад гашт.

11 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s