7 рӯзи пурмашаққат барои ҳаёти созанда

Афсарони қувваҳои мусаллаҳи кишвари Норвегия барои ба низом даровардани ҳаёти рӯзмарра ва боз ҳам қавитар гардонидани иродаи хеш бинобар барномаи махсус тамрин мекунанд. Номи он барнома “ҳафтаи пурмашаққат” ном дошта, ба онҳо пас аз 7 рӯз боз ҳам рангинтару фоидабахштар гузаронидани ҳар соати зиндагониро меомӯзонад.

7 қоидаи асосии “ҳафтаи пурмашаққат”

1. Пагоҳӣ соати 5:00 аз хоб хеста, шабона ҳатман соати 22:00 хоб кунед;

2. Тамоми ҳафта диққатро ба барнома ҷалб карда, нисбати худ ва атрофиён росткор бошед;

3. Аз нақшаи кашидашуда дур нашавед;

4. Фаъол, пур аз нерӯи мусбат, дақиқкор ва боҷуръат бошед;

5. Телевизор тамошокуниро аз хотир бароред. Дар вақти соатҳои корӣ аз тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дур истед. Гуфтугӯҳои телефонии берун аз фаъолияти кориро ҳам аз хотир бароред;

6. Ба таври ҷиддӣ бо тамрину машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед;

7. Тамоми ҳафта танҳо аз хӯрокҳои солим тановул намоед. Аз шириниву хӯрокҳои навъи фастфуд даст кашед;

ДУШАНБЕ: Аз болои одатҳоятон кор кунед!

Конфутсий гуфта буд: “Аз пагоҳ дида, одатҳои бадро имрӯз мағлуб сохтан осонтар аст!” Яке аз ҷанбаҳои муҳим ва заминаи беҳгардии ҳаёти инсонӣ ин муассирона аз болои одатҳои бад кор кардан аст. Аз ин рӯ ҳафтаро бо ин машғулияти ҳатмӣ сар кунед:

а. Тартиб додани рӯйхати одатҳои бад ва хуби хеш;

б. Муайян намудани малака ва одатҳои созандае, ки мехоҳед онҳоро инкишоф диҳед. Ҳамчунин муайян намудани малака ва одатҳое, ки аз он халосӣ ёфтан мехоҳед;

в. Кадом навъи одатҳо барои такмили шахсиятатон намерасад? Барои пайдо кардан ва инкишоф додани онҳо чӣ бояд кард?

СЕШАНБЕ: Диққат ва тамаркуз додан

Ҳадафи рӯзи дуюми ҳафта инкишофи малакаи тамаркуз додан ва пурдиққат будан аст. Чунин малакаҳои муҳим ба ҳадафи ниҳоӣ расиданро осону дастрас мегардонанд.

Дар раванди инкишофи ирода пурдиққат будан асос аст. Эҳсосот ба натиҷаи ниҳоӣ таъсиррасонанд. Аз ин рӯ рӯҳия ва диққати лозимаро дар худ инкишоф додан лозим аст. Барои ин аз худ саволҳои дурустро пурсон шавед. Саволҳои лозимаеро пурсон шавед, ки ба машғала ва касбу коратон дахлдор аст. Мисол, агар шумо гулфурӯш бошед, пас аз худ суол кунед: “То куҷо ман гулшиноси хуб ҳастам?”, “Оё ба қадри кофӣ дар баробари гулпарварӣ маълумот дорам?”, “Боз чӣ тавр метавонам муштариёнамро хурсанд карда, хизматрасонии беҳтарро ба роҳ монам?”

Ҷиҳати дигари масъала ин ба машғалаи рӯзмарра тамаркуз додан аст. Дар рафти машғулият маркази диққатро танҳо як кор машғул кунад. Дар ҳамон вақту соат тамоми дигар кору машғулиятҳоро аз хотир бароред. Чунин ҳолат ба шумо имкон медиҳад, ки кори худро тезтар ва босифат ба итмом расонед.

ЧОРШАНБЕ: Нақшакашӣ ва ҳадафгузорӣ

Рӯзи чоршанбе ба танзими вақт, нақшакашӣ, муайян кардани ҳадафҳои аввалиндараҷа бахшида мешавад. Дар хотри доред: шумо барои анҷом додани тамоми корҳо вақти фаровон доред; танҳо лозим аст, вақтро фоиданок истифода бурд. Ҳадаф аз нақшакашӣ низ фоиданок муайян кардани вақти ҳадафҳои аввалиндараҷа ва машғулиятҳои ғайр аст.

Шумо бояд бинобар аҳамиятнокии машғулият ва ҳадафҳо нақшаи рӯзмарра, ҳафтаина, моҳона ва солонаро тартиб диҳед.

ПАНҶШАНБЕ: Аз доираи раҳоват берун оед!

Рӯзи панҷшанбе яке аз рӯзҳои душвортарин дар “ҳафтаи пурмашаққат” буда метавонад. Вале, бе шубҳа, ин рӯз шуморо таҷрибаи бебаҳои ҳаётӣ мебахшад. Дар ин рӯз шумо бо тарсу ваҳмҳои асосии худ рӯ ба рӯ шуда, шабона аз хоб маҳрум мешавед.

Аз тарсу ваҳми хеш танҳо шумо хабар дореду онро мешиносед. Ва танҳо шумо метавонед онро мағлуб созеду то абад аз вай халос ёбед. Пас раведу ишқи хешро ба маҳбубаатон изҳор намоед; аз баландӣ метарсида бошед, рафта бо парашют паред; навъи тарсатонро танҳо шумо медонед ва танҳо шумо метавонед, ки онро мағлуб созед. Қарор диҳед!

Рӯзатонро чун ҳамарӯза гузаронед. Имрӯз пиёда гардед ва ё ба велосипед савора шавед.


Ҳамчунин имрӯз шумо бояд хоб накарда тамоми шаб бо кор машғул шавед. Худро ба ин зеҳанан омода кунед. Барои ин шаби бехобиро тахайюл карда, нақша кашед, ки имшаб бо кадом кори фоидабахш машғул мешавед.

ҶУМЪА: Истироҳат ва барқароршавӣ

Кор кардан лозим аст, вале дар баробари ин истироҳат кардан ҳам муҳим аст. Ҷумъа рӯзи истироҳати бошуурона аст.

Баъд аз шаби бехобӣ дар ҳаммом бо оби гарм шустушӯ карда, аз наҳории солиму болаззат тановул кунед. Баъдан қарор диҳед, ки имрӯз ба куҷо меравед ва ё бо чӣ кор машғул мешавед.

Бо коре машғул шавед, ки дер боз мехостед онро ба ҷой оред. Он аз қабили кори хона ва ё бо афроди оила ба сайру гашт рафтан буда метавонад. Муҳим он аст, ки барои анҷоми он кор ҷиддӣ бошед.

ШАНБЕ: Шод бошед!

Шанбе рӯзест, ки тамоми вуҷудатонро танҳо ва танҳо бояд фикру андешаҳои мусбат фаро гиранд. Тамоми рӯзро барои танзими муҳовара ва гуфтугӯи мусбату созандаи ботинӣ сарф намоед. Ҳадаф аз ин кор мушоҳида намудани таъсири фикрронии мусбат ба кулли амал ва рафтори шумо аст.

Танҳо мусбат фикр карда, андешаҳои манфиро аз худ дур созед. Доир ба ҷиҳатҳои хуби хеш, ҳадафҳои гузошташуда ва муваффақиятҳои оянда фикр кунед.

Муҳовараи ботиниро идора намоед. Калимаҳои лозимаро интихоб намуда, ба худ суолҳои дуруст диҳед.

willp.jpeg

 ЯКШАНБЕ: Подош

Ин рӯзи охирини “ҳафати пурмашаққат” аст. Дар ин рӯз аз ҳама миҳим хулосабарорӣ карда, доир ба кору машғалаҳои анҷомдодашуда фикр кунед.

Доир ба натиҷа ва корҳои анҷомдодашуда фикр карда, онҳоро болои коғаз нависед. Ин ҳафта чӣ омӯхтед? Ба чӣ хулоса расидед? Бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудед? Барои шумо чӣ аз ҳама муҳим аст?

Ба он нозукиятҳои зиндагии хеш, ки дар “ҳафтаи пурмашаққат” аз онҳо маҳрум будед, таваҷҷуҳ кунед. Минбаъд онҳо барои шумо азизтар мегарданд. Шумо онҳоро қадр мекунед, ба онҳо аҳамият медиҳед, эҳсос мекунеду ба гунае қабул мекунед.

Инак барои меҳнати анҷомдода худро подоше диҳед. Шумо лоиқи он ҳастед!

– Манбаъ: Эрик Ларссен, «На пределе. Неделя без жалости к себе»

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s