Зарари зарфҳои пластикӣ ба муҳит ва саломатии инсон

plast4Ҳаёти муосирро бе зарфҳои пластикӣ тасаввур кардан душвор аст. Дуруст аст, ки хусусан дар кору машғалаҳои ошхона чунин зарфҳо мушкилосонкуни кадбонуи хонадон мебошанд.  Вале бояд қайд кард, ки маводи пластикӣ ҳам барои саломатии инсон ва ҳам барои ҳифзи муҳити зист зиёновар аст. Табибон ишора мекунанд, азбаски пластик аз моддаи Бисфенол А омода карда мешавад, он боиси гирифтори бемориҳои саратон, фарбеҳӣ ва касалиҳои қанду дил мегардад.

Моддаи зарарноки Бисфенол А дар 50-70 дараҷа гармӣ ба моеъ нуфуз карда, дар организми инсон истеҳсоли триод, гармони калоншавӣ, эстроген ва тестестеронро коҳиш медиҳад. Моддаи мазкур дар тамоми зарфу маводи пластикӣ, ҳамчун қошуқ, табақ, финҷон, чангак, зарфҳои махсуси ҳифзкунанда барои хӯрока ва ғайра мавҷуд аст. Аз ин рӯ барои коҳиш додани таъсири зарарноки моддаи Бисфенол А бояд тадбирҳои лозима гирифта шаванд. Пас чӣ бояд кард?

– Хӯрокро дар яхдон дар дохили зарфҳои пластикӣ ҳифз накунед;

– Зарфҳои пластикии оби нӯшокиеро, ки баъд аз истеъмол дар дохили мошин рӯзҳои дароз боқӣ гузошта шуда буданд, истифода набаред;

%d0%bf%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%821– Ҳангоми супориши оби нӯшокӣ, обро аз зарфҳои пластикии бисёрҳаҷм ба зарфи шишагӣ рехта истеъмол намоед;

– Барои ширхӯрии кӯдакон аз зарфҳои шишагӣ истифода бояд кард;

– Зарф ва қошуқу чангакҳои махсуси хӯроквориро, ки барои чою қаҳваи гарм, хӯрока ва ғайра мақсадҳои ғизоӣ кор бурда мешаванд, истифодаашон бояд манъ карда шавад;

– Барои гарм кардани хӯрока зарфҳои пластикиро ба дохилӣ дастгоҳҳои микромавҷӣ (микроволновка) ҳаргиз нагузоред;

– Зарфҳои пластикиро дар мошинаҳои зарфшӯӣ нашӯед;

– Зарфҳои пластикиро танҳо бо моеъҳои махсуси зарфшӯӣ тоза кунед;

– Дар тамоми намуди ғизо ва хӯрока танҳо ва танҳо аз зарфҳои шишагӣ истифода баред;

Аллакай як қатор кишварҳои аврупоӣ қонун оиди манъ намудани иситифодаи зарфҳои пластикиро дар мамлакатҳои худ қабул карда истодаанд. Ҳамин тавр Фаронса то соли 2020 истифодаи тамоми намудҳои зарфҳои пластикиро, ки дар хӯрокворӣ кор бурда мешаванд, манъ хоҳад кард.

plast5

Олимон аллакай бонги хатар мезананд, ки дар уқёнусҳо “ҷазираҳои бузурги пластикӣ” пайдо шудаанд. Башарият, ки бепарвоёна зарфҳои пластикиро ба обу дарёҳо мепартояд, онҳо дар як ҷо ҷамъ шуда, боиси марги моҳӣ ва паррандагони зиёд мегарданд. Гуфта мешавад, ки дар муҳити табиӣ маводи пластикӣ дар 500 сол таҷзия мегардад. Барои ҷалб кардани диққати оламиён ба ин мушкилӣ то ҳатто клубҳои бузурги олами футбол ҳамчун “Реал Мадрид” ва “Баварияи Мюнхен” қарор гирифтаанд, ки дар бозиҳои худ либосаҳои варзишии аз пластики дубора коркардшуда истофода кунанд.

Инсонро ба ин навъ бепарвоӣ зистан зебанда нест. Бахусус ҷомеаеро, ки дорои арзишҳои маънавии воло аст. Зеро Сарвари коинот (с.а.в.) фармудаанд: “Тозагӣ аз имон аст!” Саломатии хеш ва муҳитро эҳтиёт намоед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s