Нигоҳи наве ба ҳаёти оила

Китоб: “Дидор” (маҷмӯи ҳикояҳо)

Муаллиф: Башир Усмон

Нашриёт: Ирфон, соли 2016

Теъдоди саҳифа: 106

Забони китоб: тоҷикӣ


Ғояи асосии “Дидор” – маҷмӯи дигари ҳикояҳои Башир Усмон дар боби оилаву оиладорӣ, ки нашриёти “Ирфон” чоп намудааст – тарғиби садоқат аст, садоқат ба муқаддасоте бо номи оила. Инчунин ҳифзу пойдории оила, эҳтироми пайвандон, гусаста накардани риштаҳои муҳаббат, то ҳадди имкон аз парокандашавӣ нигоҳ доштани оила ва афроди он аз мавзӯъҳои дигарест, ки муаллиф ба хонанда расонидан мехоҳад. Ин гуфтаҳо дар ҳар як ҳикояи маҷмӯаи “Дидор” эҳсос мегардад.

Масалан, дар ҳикояи “Ниҳоли зиндагӣ” нишон додан мехоҳад, ки ҳарчанд дар зиндагии муштараки зану шавҳар пастиву баландиҳо ҳаст, онҳо бо якдигар ногапу қаҳрӣ мешаванд, вале бо вуҷуди ин роҳи ҳал аз ҳам ҷудошавии онҳо нест. Мазмуни ҳикоя ин аст, ки ҷавонзану шавҳараш бо ҳам ногапу ҷанҷолӣ шудаанд ва дар натиҷа ба қароре омадаанд, ки дар боғчаи ҳавлиашон як ниҳол шинонанд, агар давоми як моҳ ниҳол сабзид, зиндагиашонро идома диҳанд, агар хушк шуд, аз ҳам ҷудо шаванд. Вале як шаб нохост зану шавҳар дар назди ҳамон ниҳоли шинондаашон рӯ ба рӯ меоянд, ки дар дасти ҳарду ҳам зарфи пури об аст… Ҳикоя бо ҳамин хотима меёбад. Яъне муаллиф дар мисоли сарнавишти ин оилаи ҷавон на ҷудошвии оилаҳо, балки роҳу василаашро ёфта ба ҳам овардани онҳоро талқин кардан мехоҳад.

Дар шароите, ки ниҳоди арзишманди ҷомеа – оила бисёр осебпазир шудааст, эҳтирому муҳаббату одамгарӣ аз байн рафтан дорад, нашри ин гуна китобҳои ахлоқӣ ба маврид ва зарур аст. Бовар дорем, ин маҷмӯа ба ҳар як хонанда чизе дода метавонад, зеро муаллиф кӯшидааст ба ҳаёти оила аз зовияи дигар нигарад.

11 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s