Фарзандам аз ҳад зиёд ба худ фурӯбаста аст, чӣ кор кунам?

Кӯдакон дар баробари калон шудан, ҳамзамон ҷиҳати иҷтимоигардӣ майлу рағбати зиёд пайдо мекунанд. Чунин раванд сараввал бо тамоси доимии афроди оила ва баъдан бо муҳити зист идома меёбад. Бояд қайд кард, ки ин ҳолат барои рушди шахсияти солими кӯдак муҳим аст. Вале баъзеи кӯдакон бинобар фитрати хеш ё бо таъсири факторҳои беруна ба худ фурӯбаста (introvert) мешаванд. Онҳо бо муҳити пур аз инсон ва маконҳои ҷамъиятӣ ба осонӣ унс намегиранд; бо касе дарди дил намекунанд ва дар назди ашхоси бегона худро нороҳату безобита ҳис мекунанд. Равоншиносон қайд мекунанд, ки чунин рафтори кӯдак ирсӣ буда ҳам метавонад.

Дар ин ҳолат волидайн бояд чунин рафтор намоянд:

– Ба фарзандашон ҳаққи сухан гуфтан диҳанд;

– Бигзор кӯдак оиди ин ё он масъала ибрози андеша намояд;

– Волидайн зуд-зуд аз ҳоли ӯ пурсон шаванд: чӣ андеша дорад? чӣ ҳис мекунад?;

– Кӯдак бояд фаҳмад, ки ӯ барои падару модар азиз аст;

– Ҳар вақте кӯдак сухан меронад, волидайн ӯро бо диққат гӯш кунанд;

– Кӯдак зуд-зуд бо муҳити иҷтимоӣ, рафиқону ҳамсоягон дар тамос бошад;

– Волидайн кӯдакро ҳар гунае ҳаст, ҳамон тавр қабул карда, зуд-зуд изҳори муҳаббат кунанд;

– Волидайн ба ҳар рафтору гуфтори кӯдак дахолат накарда, аз ҳад зиёд ҳам танқид накарда, иҷозат диҳанд, то ки шахсияти хешро дар ҳар маврид изҳор намояд;

– Робитаҳои иҷтимоӣ ва дӯстиву рафоқаташро бо атрофиёнаш дастгирӣ намоянд;

– Ҳар муваффақият ва комёбиҳояшро тақдир карда, барои фаъолиятҳои минбаъдааш шавқманд созанд.

Ҳамчунин гоҳ-гоҳ дар кӯдак ҳолатҳои асабишавӣ, фобияи (тарсу ваҳм) иҷтимоӣ барин мушкилиҳои равониро дидан мумкин аст. Дар чунин ҳолат волидайн ҳатман бо равоншинос машварат намуда, табобати лозимаро сар кунанд. Бахусус барои он ки кӯдак дар овони мактабхонӣ душворӣ накашад, ҳарчӣ тезтару муассиртар бояд ба ӯ кӯмаки равонӣ расонида шавад.

Кӯдаки ба худ фурӯбаста дар изҳори эҳсосот ва афкори хеш душворӣ мекашад. Аз ин рӯ, ҳар вақте бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавад, баро ҳалли он ба падару модар муроҷиат карда наметавонад, кайфияти мушкилиро дуруст ба забон оварда наметавонад ва ин торафт ҳолати рӯҳии онҳоро хароб карда, мушкилоти навбатиро ба бор меорад.

Равоншиносон таъкид мекунанд, ки маҳз дар синну соли томактабӣ, волидайни оқилу ғамхор метавонанд таъсири ба худ фурӯбастагии фарзандашонро камтар намуда, барои рушди солиму иҷтимоигардии лозима замина гузоранд.

– таҳияи Садбарги Ҳаким

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s