Мактуб аз мудири мактаб

Яке аз мудирони мактаби миёна дар кишвари Сингапур ба падару модарони хонандагони муассисаи таълимияш мактуб ирсол менамояд, ки ҳамагонро ба ҳайрат овардааст. Мудири мактаб дар мактубаш ҳақиқатҳоеро зикр мекунад, ки ҳаряк волидайн бояд атрофи он фикр кунад.


Волидайни муҳтарам!

Баъд аз чанд муддате давраи имтиҳонсупории фарзандонатон сар хоҳад шуд. Ман медонам, ки ҳамаи Шумоён барои фарзандонатон ғам хӯрда, дар имтиҳонҳо хоҳони мувафффақ шудани онҳо ҳастед.

Вале илтимос, аз хотир набароред! Рӯзи имтиҳонсупорӣ миёни хонандагон рассоме ҳам хоҳад буд, ки барои вай дар дараҷаи аъло донистани фанни риёзиёт лозим нест. Ҳамон рӯз миёни хонандагон соҳибкоре ҳам хоҳад буд, ки барои вай соҳиби дониши комил аз фанни таърих ё адабиёти англис будан, эҳтимол дар оянда лозим ҳам намешавад. Ҳамчунин он рӯз оҳангсозе ҳам барои имтиҳонсупорӣ меояд, ки барояш дониши комили фанни кимиё лозим нест. Ва варзишгари қавие ҳам хоҳад буд, ки барояш фанни варзиш аз фанни физика дида муҳимтар аст.

Бо баҳои аъло супоридани имтиҳон боиси хушнудии ҳамагон хоҳад гашт, вале хоҳиш мекунам, новобаста ба натиҷаи имтиҳон фарзандонатонро дилшикаста накунеду боварӣ ба худашонро аз байн набаред. Ба иззати нафсашон нарасида, ба онҳо ғазаб накунед.

Ба онҳо гӯед, ки ҳеҷ гап нест, ин танҳо яке аз имтиҳонҳо буд. Онҳо барои анҷоми корҳои бузурге ба дунё омадаанд, ки муҳимтар аз ҳама чиз аст. Онҳоро талқин кунед, ки новобаста ба баҳои имтиҳонӣ, Шумо онҳоро дӯст медореду ҳаргиз маҳкумашон намекунед.

Илтимос, ҳамин гуна рафтор намоед ва шоҳиди он гардед, ки чӣ тавр онҳо аз пайи фатҳи олам мешаванд. Бигзор як баҳои паст ва ё натиҷаи номуваффақи имтиҳон орзу ва истеъдодашонро аз байн набарад.

Ва як хоҳиши дигар ҳам дорам. Илтимос, гумон накунед, ки хушбахттарин ашхоси олам танҳо духтур ва муҳандис аст.

Муваффақ бошед!

Бо арзи эҳтиром, мудири мактаб.

– манбаъ: All Singapore Stuff

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s