Кӯдаконро бо ҳам қиёс кардан онҳоро нороҳат мекунад. Хусусан, агар чунин амалро падару модар ва ё нафари барои кӯдак боэътимоду боэҳтиром ба ҷой орад, ӯро боз ҳам безобита намуда, боиси асабӣ гаштанаш ҳам мешавад. “Ана, духтари ҳамсояро бин, чӣ хел аълохон аст, вале барои чӣ ту сустхон ҳастӣ?”, “Бародаратро бин, аз дасташ фалон кор меояду барои чӣ ту наметавонӣ?” барин паёмҳои таънаомезу мунаққидонаи калонсолон ҳолати мавҷудаи кӯдакро беҳтар намекунанд. Зеро дар асл, маънои ин танқидҳо “Ту бесавод ҳастӣ!”, “Ту бемаърифату корношоям ҳастӣ!”, “Аз ту бӯи умед ҳам намеояд!” мебошанд. Дар натиҷаи чунин “таҳқирҳои махфӣ” рӯҳи кӯдак осеб дида, асабҳояш хароб мешаванд. Чунин кӯдак бахудбовариро аз даст дода, шахсияташро доим бо чашми кам мебинад. Ӯро бо каси дигар қиёс кардан сабаби шикасти равонӣ ва бадбахтии доимияш мегардад.
Равоншиносон қайд мекунанд, ки одатан чунин кӯдакони “қиёсӣ” ба волидайнашон хашм дошта, онҳоро пинҳонӣ нафрат мекунанд. Илова ба ин, кӯдакони “қиёсӣ” нисбати кӣдакони дигаре, ки ӯро бо онҳо қиёс кардаанд, ҳисси нафрат пайдо карда, дар оянда онҳоро ҳамчун душман мепазиранд. Аз ин рӯ барои беҳбудӣ ва рушди солими кӯдак хубтар мешавад, ки ӯро барои ташвиқи анҷом намудани коре ё маваффақ гаштанаш дар амале, бо дигарон қиёс накарда, роҳи дурусти ҳалро нишон дода, дар он ҷода барои устуворона қадам заданаш кӯмак кард. Қиёскунӣ бо дигарон кӯдакро хашмгин, асабӣ, беэътимод, тарсончак, боварӣ ба худро аздастдода ва ғамгин месозад. Волидайн ва нафароне, ки бо кӯдак сару кор доранду аз тарбияву таълимаш масъуланд, бояд ба ин нозукият эътино дода, сабабгори шикасти маънавияш нагарданд.
– таҳияи Садбарги Ҳаким
3 Comments Add yours