Духтарак, ки бо модараш мерафт, аз рафтан каме бозистод. Диққати ӯро марди велосипедсавор ва духтараш, ки дар синну сол бо вай ҳамсол менамуд, ҷалб кард. Вай аз пушти падараш дар велосипед савор ва миёни ӯро бо дастонаш дошта буд. Рухсораҳои аз ғояти хунукӣ сурх шудаашро зуд-зуд ба тани падар зер мекард. Суханҳои марди велосипедрон, ки ҳар бор ба қафо нигариста, чизе мегуфт, духтаракро механдонд.
Модар ҳайрати духтарашро дида, қавоқ овезонд ва гуфт:
− Ду велосипеде, ки дар хона дорӣ, магар камӣ мекунанд? Агар сахт маъқул шуда бошад, ба падарат мегӯям, аз инаш ҳам мехарад.
Духтарак бо овози нарм ҷавоб дод:
− Ман велосипедро не, духтаракро нигоҳ дорам. Падараш дар чунин ҳолат ҳам бо ӯ суҳбат мекунад…
Модар гӯё сухани духтарашро нашунида бошад, кулоҳи ӯро дуруст кардан гирифт ва гуфт:
− Ҳамсинфонат барои мактаб рафтан дар чунин ҳавои сард ҳам пиёда роҳ мераванд. Ҳол он ки падарат бо вуҷуди серкориаш вақт ҷудо карда, туро бо “Мерседес” ба мактаб мебарад.
Духтарак ҳоло ҳам аз велосипед чашм намеканд. Донаҳои ашкро, ки чун донаҳои марворид дар рухсори сафедаш падид меомаданд, аз модараш пинҳон карда, бо овози танҳо ба худаш шунаво ҷавоб дод:
− Бале, очаҷон, бо “Мерседес” мебарад… Вале дар “Мерседес” падарамро оғӯш гирифта наметавонам.
–Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”
heartbreaking…
LikeLike