Ҳазрати Мавлоно ҳамаро ба ҳалқааш даъват карда мегуфт: «Боз ой, ҳар кӣ бошӣ, боз ой! Бутпараст ҳам бошӣ, боз ой! Тавбаатро сад маротиба шикаста ҳам бошӣ, боз ой!» Ва ҳар кӣ меомаду дохили он ҳалқа мешуд, бори дигар аз он баромадан намехост. Бинобар ин, эшон бар заъфҳои башарӣ музаффар гашта, худ аз банду басти ҷисмонӣ озод, чун кабӯтари мухтор ба авҷи аълои камолоти инсонӣ парвоз мекарданд.
Ҳамин тавр, боре ҳазрати Мавлоно дар ҳалқаи ҳамсуҳбатонаш бо зикр машғул буд, масте аз кӯча омада, ба ҳалқаи зикри ҳазрат дохил мешавад. Аммо чӣ кор мекунӣ, ки маст ҳеҷ не бо зокирин ҳамоҳанг садо барорад. Илова бар ин, чун барги хазонрезе, ки бар асари шамол ин сӯву он сӯ меғелад, ҳозиринро нороҳат мекард. Оқибат, ба рафторҳои маст таҳаммул накарда, ҳозирин хостанд ӯро ба берун бароранд. Аммо маст намехост, ки аз ҳалқаи зикр дур монад ва ба онҳо муқовимат нишон медод. Чунин ҳолат диққати Мавлоноро ҷалб мекунад ва ӯ пурсон мешавад:
-Барои чӣ мағал мекунед?
-Ҳазрат, ин шахс маст аст ва аз ҳалқа берун баромадан намехоҳад.
Мавлоно ҷавобе медиҳад, ки ҳамагонро ба андеша савқ медиҳад:
-Маълум мегардад, ки шаробро ӯ нӯшидаасту мастиро шумо мекунед!
Атрофро сукут қарор мегираду сипас ҳама бо як овоз: «Шаробро ӯ нӯшидаасту мастиро шумо мекунед!»,- гӯён ба зикр кардан медароянд. Ҳазрат суханро давом медиҳад:
-Афтидаро доим ҳар кас як лагад мезанад, вале як лагад шумо ҳам назанед!
One Comment Add yours