Бузургони олами маънавиёт: Маъруфи Кархӣ-1

Агар банда бо тамоми ҳастияш мутаваҷҷеҳи Худованд гардад, Худованд низ бандаашро бо тамоми икрому эҳсонаш иҳота хоҳад намуд ва аз лутфаш маҳрум нахоҳад кард.


Яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами Ислом, ки саросари ҳаёташ саршори дарсу намунаи бандагист, Маъруфӣ Кархӣ мебошад. Номи пуррааш Абӯ Маҳфуз Маъруф ибни Фирӯз ал-Кархӣ буда, тақрибан солҳои 750-760 дар вилояти Кархи Бағдод ба дунё омадааст. Аҳли оилааш пайрави дини масеҳӣ буданд ва аз ин рӯ дар айёми наврасӣ ӯро барои гирифтани таълим ба роҳиби масеҳӣ супориданд. Аммо бо гузашти айём таълимоти дини масеҳӣ мароқи беандозаи ӯро татмин карда наметавонист ва ӯ нисбат ба ин дин дилсардие пайдо кард. Зуҳури чунин дилсардӣ сабаби боз ҳам ташнатар гаштан дар роҳи ҳақиқат шуд ва Маъруфи ҷавон аз назди оилааш фирор карда, ба Бағдод меравад. Дар Бағдод ба зиёрати олимону мутафаккирони дини Ислом пардохта, дар аснои чунин зиёрат бо яке аз имомони аҳли байт, Имом Ризо вомехӯрад. Тадриси ақливу мантиқии Имом Ризо ӯро қонеъ мекунад ва ҳамин тавр Маъруфи Кархӣ бо дини мубини Ислом мушарраф мегардад.

Пас аз ин Маъруф шабу рӯз аз пайи омӯзиш шуда, дар муддати кӯтоҳ тавонист ҳамчун яке аз олим ва мутафаккири замонаш шуҳрат пайдо кунад. Рушди маънавияш акнун то ҷое расида буд, ки мӯрро ҳам озор намедод ва ҳатто як дона гандум аз ҳаққи мардум намехӯрд.

Рӯзе Маъруф ба Куфа рафта дар масҷиди шаҳр мавъизаи яке аз мутасаввифини он замон, Ибни Саммакро мешунавад. Ҳини мавъиза Ибни Саммак чунин як нуқтаро қайд мекунад: «Агар банда бо тамоми ҳастияш мутаваҷҷеҳи Худованд гардад, Худованд низ бандаашро бо тамоми икрому эҳсонаш иҳота хоҳад намуд ва аз лутфаш маҳрум нахоҳад кард». Аз шунидани ин суханон Маъруфи Кархӣ минбаъд тамоман аз дунёи фонӣ даст кашида, ба Аллоҳ Таъоло рӯ меоварад. Маҳз ҳамин аст, ки Худованд эҳсонашро барояш боз ҳам зиёда кард ва ӯ ҳамчун яке аз бузургони олами Ислом дар таърихи башар ёд карда мешавад.

(давом дорад)

– Шаҳриёр Ибодов

Advertisements

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s