Бузургони олами маънавиёт: Маъруфи Кархӣ-2

Агар Худованд бандаро марҳамат кунад, ба вай дари суханро баста, дари амалро мекушояд. Ва агар Худованд бинад, ки банда сазовори ҷазост, ба вай дари суханро кушода, дари амалро мебандад.


Шояд Маъруф илми зиёд надошт, аммо нисбат ба илмаш амалаш зиёдтар буд. Рӯзе дар бобати кам будани илми Маъруф баҳс шуд, ки Имом Аҳмад ибни Ҳанбал чунин мегӯяд: «Ин тавр нагӯед, зеро илми лозимӣ дар Маъруф мавҷуд аст». Ин суханро писари Ибни Ҳанбал шунида ҳайрон шуд ва аз падараш пурсид: «Падар, илми Маъруф кадом аст?» Аҳмад ибни Ҳанбал чунин посух дод: «Писарам, тоҷи сари илмҳо тарси Худо аст ва ин ҳам бо маънои том дар Маъруф вуҷуд дорад. Пас, дигар чиро интизоред?»

Боре мусулмонони Бағдод ба зиёрати Суфён ибни Уяйна ба Мадина рафтанд. Суфён ибни Уяйна аз онҳо чунин мепурсад: «Валии бузургатон дар чӣ ҳол аст?» Онҳо тааҷҷубовар мепурсанд: «Валии бузургамон кист?» Ибни Уяйна гуфт: «Манзурам Маъруф аст. Огоҳ бошеду аз илми Маъруф баҳра баред. То вақте ки Маъруф дар байни шумост, Худованд шуморо дар ҳифзу амони худ нигоҳ хоҳад дошт».

Маъруф пурра ҳаёти рӯҳӣ-маънавиро пеша намуда, худро дар роҳи хидмати дини Ислом фидо карда буд. Ӯ ҳеҷ ба молу сарвати дунё таваҷҷуҳ надошт ва чунин мегуфт: «Инсон ҳангоми ба даст овардани чизе дар дунё набояд шод шавад ва низ ҳангоми аз даст додани чизи дунявӣ набояд ғамгин гардад. Зеро таваҷҷуҳи зиёди банда ба дунё, ҷазои гуноҳҳояш аст ва рӯгардонии банда аз дунё бошад, шифо ба ихлоси ӯст».

Ҳазрати Маъруфи Кархӣ сухани зиёди печ дар печро намепазируфт ва чунин диндориро низ қабул надошт. Ӯ танҳо тарзи зиндагии исломӣ ва татбиқ намудани аҳкоми шариат дар ҳаётро асос медонист. Маъруфи Кархӣ чунин мегуфт: «Агар Худованд бандаро марҳамат кунад, ба вай дари суханро баста, дари амалро мекушояд. Ва агар Худованд бинад, ки банда сазовори ҷазост, ба вай дари суханро кушода, дари амалро мебандад». Яъне агар банда тарки амал кунаду ба суханбозӣ пардозад, ишора аз ғафлати ӯст. Маъруфи Кархӣ бо тамоми ҳастиаш ба Худо рӯ оварда буд ва ҳамеша таваккал ба Худо мекард. Ӯ чунин мегуфт: «Ба Худо он гуна таваккал кун, ки дар ҳама мушкилиҳоят танҳо Ӯ туро пуштибон бошад. Ба ғайр аз ӯ ба ҳеҷ як бандаи оҷиз фарёду фиғон макун!»

Баъд аз муддате, Маъруф ба ҳидоят ёфтани волидайни хеш ҳам сабаб гашт ва онҳо низ бо дини мубини Ислом шарафёб гаштанд.

Мақсудаш танҳо ризои Худо буд

Рӯзе шахсе ҳассосияти Маъруфи Кархиро нисбат ба ҳалолу ҳаром ва савобу гуноҳ дида, аз ӯ пурсид:

– Эй Маъруф, оё ин қадар тарсу ҳаросат нисбат ба ҳаром ва ҳаққи мардум аз тарси марг аст?

Маъруф гуфт:

– На, аз ин нест!

– Магар аз азоби қабр аст?

– На, аз ин ҳам не!

– Ин тавр бошад, аз тарси оташи дӯзах аст?

Сипас, Маъруф чунин посух дод:

– Он чизе, ки ту баршумурдӣ, назди мақсуди ман ҳеҷ чиз аст. Зеро мақсуди ягонаи ман ризои Худованд аст. Ӯ молики ҳамаи ин аст. Касе, ки ризои ӯро ба даст оварад, аз ҳамаи ин дар амон аст. Маъруфи Кархӣ дар тӯли ҳаёташ шогирдони зиёдеро тарбия додааст. Яке аз чунин шогирдони машҳураш Сарий-ус-Сақотӣ буд. Ва васияти охирини Ҳазрати Маъруф ба ин шогирди содиқаш дар бистари марг чунин буд: «Ҳамин ки ҷон аз баданам баромад, пироҳанамро аз бадан бароварда, садақа кунед!» Аз ӯ пурсиданд: «Чаро?», ӯ гуфт: «Ман мехоҳам, чӣ гунае, ки ба дунё омада будам, ҳамон гуна аз ин ҷо равам ва назди Парвардигор аз ягон моли дунё, ки дар зимматам монда бошад, ҳисоб нагӯям!»

–Шаҳриёр Ибодов

Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s