Нидерландия: дари маҳбасхонаҳо баста мешаванд!

Соли 2013 дар Нидерландия дари 13 маҳбасхона баста шудааст. Зеро дар кишвар барои пур кардани тамоми маҳбасхонаҳо ҷинояткор ва қонунвайронкунони кофӣ мавҷуд нест. Ҳамчунин интизор аст, ки то охири соли 2016 боз дари 5 маҳбасхонаи дигар баста шавад. Сабабаш дар он аст, ки аз соли 2004 бадин сӯ сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар коҳиш меёбад. Интизор аст дар панҷ соли оянда ин нишондод ҳар соле 90%-ро ташкил диҳад.

Барои кишвари Нидерландия масрафи нигоҳубини маҳбасхонаҳои холӣ гарон аст. Ҳамчунин баста шудани маҳбасхонаҳои холӣ боиси бекор мондани 2 ҳазор нафар кормандони ин сохтор мегардад. Барои пешгирии он моҳи сентябри соли гузашта лоиҳае кашида шуда буд, ки маҳбасхонаҳои холӣ ба ҳамсоякишварҳо – Норвегия ва Белгия барои иҷора дода шаванд. Вале новобаста ба ин ҳукумат маҷбур шуд, ки фаъолияти маҳбасхонаҳои холиро қатъ намояд.

Яке аз сабабҳои он, ки барои чӣ дар Нидерландия сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт, аз ҷиҳозҳои электронӣ истифода бурдани сохтори амниятӣ аст. Чунин ҷиҳозҳои махсуси электронӣ ба пойи ҷинояткор насб карда мешаванду ӯ дар озодӣ ҳам аз ҷониби корманди амният 24 соат зери назорат қарор мегирад. Он нафарон ҳаёти рӯзмарраашонро давом дода, кору машғалаҳои ҳаррӯза, бо оилаву дӯстонашон ҳаётро давом медиҳанд.

hbs1Одатан ҷинояткорон баъд аз маҳбасӣ гаштан, боз дубора даст ба ҷиноят мезананд. Зеро муҳити маҳбасхона аксар вақт ҷинояткорро тарбия надода, баръакс хашинтару барои ҷомеа хатарноктар месозад. Вале иқдоми ҳукумати Нидерландия тавонистааст, ки бо ин гуна роҳ сафи ҷинояткоронро дар кишвараш коҳиш диҳад. Аз он ки маҳбасӣ дар дохил бекор нишаста аз хазинаи давлат маблағҳои ҳангуфтро сарфа кунад, онҳо дар озодӣ фурсати ислоҳ шуданро пайдо мекунанду барои беҳтар гардонидани вазъи иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд.

Дар Нидерландия ҳадафи асосӣ ҷазодҳӣ набуда, балки ба собиқ ҷинояткорон кӯмак расонида, ҷомеаро аз хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ доштан аст.

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s