«Барои мо ҳаром аст!»

Марде бо роҳи ғайримашруъ як миқдор маблағе ба даст оварда, бо он чорвое барои қурбонӣ мехарад. Баъдан аз кори кардааш пушаймон «Ҳеҷ набошад чорворо ба ягон даргоҳ бурда хайр кунам»,- гӯён сӯи даргоҳи Ҳоҷӣ Бектоши Валӣ меравад. Дар он замона даргоҳҳо ҳамчун ошхона барои фақирон хизмат мекарданд. Ҳар кӣ хайре ба мардуми фақир кардан мехост, молашро ҳамон ҷо месупорид.

Мард ба Ҳоҷӣ Бектош дардашро арз карда, чорворо мехоҳад ба даргоҳи ӯ диҳад. Аммо Ҳоҷӣ Бектош: «Барои мо ҳаром аст!»,- гуфта, хайри он мардро қабул намекунад. Мард аз ин даргоҳ ноумед шуда, рост сӯи даргоҳи ҳазрати Мавлоно мераваду дардашро арз мекунад. Ҳазрат хайри ӯро қабул мекунад.

Мард ба Мавлоно аз рафтанаш ба назди ҳоҷӣ Бектош, вале «Бароямон ҳаром аст!»,-гуфта қабул нашудани хайраш қисса мекунад. Пас барои чӣ Мавлоно хайри ӯро қабул кардааст? Мавлоно дар ҷавоб мегӯяд:

– Мо ба зоғе монанд ҳастем, ки ҳар лошаеро ёфт, аз он мехӯрад. Аммо Ҳоҷӣ Бектош ба монанди шоҳин аст, ки аз лошахӯрӣ худдорӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳадияи туро қабул накарду мо қабул кардем.

Мард ҷавобро шунида, ба даргоҳи Ҳоҷӣ Бектош баргашта ҳодиса ва посухи Мавлоноро ба ӯ қисса мекунад. Бектош низ дар ҷавоби суханҳои Мавлоно чунин мегӯяд:

– Дили мо ба сони кӯлмак асту дили Мавлоно чун уқёнус фарох. Эҳтимол бо як чакраи оби ифлос дили мо фасод шавад, вале дили кушоди Мавлоно ҳаргиз зарар намебинад. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳадияи туро қабул карду мо қабул карда натавонистем.

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s