Нури экран ва майнаи сари инсон

Дар фитрати инсон аз аввалин рӯзи офариниш низоми рӯзона бедор будану шабона барои истироҳат хоб кардан мавҷуд аст. Чунин раванди ҳаётӣ зиндагонии касро баракат бахшида, боиси доим боқувват будану сиҳҳат саломат зистан мегардад. Барои он ки инсон тавонад шабона роҳат намуда хоб кунад, майнаи сари инсон моддаи мелатонинро истеҳсол мекунад. Вақто мо рӯзона машғули кор ҳастем, нурҳои офтобӣ майнаи сарро огоҳ мекунанд, ки ҳоло равшан асту вақти хоб нарасидааст. Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин таъсирро рӯшании экрани телефонҳои оқил (смартфон), планшетҳо ва ғайра ҷиҳозҳои электронӣ ҳам дороанд.

Ҳангоми шабона ба экрани ҷиҳози электронӣ нигоҳ карда овораи кор шудан, майнаи сари одамӣ “гумон мекунад”, ки “ҳоло рӯз асту соҳибам бояд бедор истад”. Ҳол он ки ҷисму майнаи сар бояд дар ин вақти шабонарӯзӣ барои дам гирифтан хоб кунад. Аз ин рӯ майнаи сар миёни духӯрагиҳо калавида, ба пуррагӣ истироҳат карда наметавонад. Бинобар ин майнаи сар рӯзона ҳамоно хаставу монда фаъиолият мекунад. Вале бояд қайд кард, ки ин танҳо яке аз таъсирҳои манфии шабона истифодабарии ҷиҳози электронӣ ба ҷисму майнаи сари инсон мебошад.


Ҷамъшавии токсинҳо

Дар давоми рӯз дар организми инсон нейротоксинҳои зарарнок ҷамъ мешаванд, бинобар ин марҳалаи хоби солим барои тоза карда баровардани онҳо кӯмак мерасонад. Дар натиҷаи вайрон шудани низоми истеҳсоли мелатонин ва дигар гармонҳои лозима барои хоби солим инсон шабона дам ба дам бедор мешавад. Ин хомхобагӣ дар организм токсинҳои зиёдро ҷамъ намуда, боиси пайдо шудани дарди сар, хастаҳолӣ, мондагӣ ва тамоми рӯз асабӣ гаштани инсон мешавад.

1Дар раванди омӯзиш душворӣ мекашед

“Танҳо хабару мактубҳои оҷилро аз назар гузаронида, ҳамоно хоб мекунам. Эҳ, аллакай рӯз шудааст-ку?” Гумон мекунам чунин ҳолат ба истифодабарандагони ашаддии интернет шинос аст. Чунин тобеият ва “ғулом”-и ҷиҳози электронӣ будан боиси камхобии мо мегардад. Дар навбати худ камхобӣ барои майнаи сар сабаби бо душворӣ аз худ кардани маълумоту донишҳои лозима мегардад. Зеро бе он ҳам дар муддати рӯз майнаи сари хасташуда истироҳат накарда, маҷбур аст маълумоти нав ба навро коркард кунад.

2Заифгардии ҳофиза

Истифодабарии ҷиҳозҳои электронӣ на танҳо ба фаъолияти солими майнаи сар ва аз худ кардани маълумоти нав ба нави он халал мерасонад, балки дар ёд гирифтан ва ба ёд овардани маълумоти аллакай сабтшуда низ мушкулӣ меорад. Ҳолати мазкурро ба ҷевони либоса, ки дохилаш беинтизом аст, монанд кардан мумкин аст. Зеро аз дохили чунин ҷевони беинтизом батезӣ пайдо кардани либосаи лозима мушкил мегардад.

3Гушнагӣ

Вайрон шудани низоми истеҳсоли моддаи мелатонин, коҳиш ёфтани вақти истироҳати ҷисму майнаи сар ва раванди хоби солим боиси харобгардии фаъолияти узвҳои дохилӣ низ мегардад. Рӯда ва меъда аз чунин узвҳои зарадида мешаванд. Азбаски ҷисм хаста мешавад ва майнаи сар бедор меистад, меъда майнаи сарро огоҳ мекунад, ки барои тақвияи қувват хӯрок хӯрдан лозим аст. Аз ин рӯ мо шабона гушна монда, хӯрок мехӯрем; ҳол он ки чунин рафтор дуруст нест. Зеро сабаби бемориҳои меъда ва рӯда мегардад.

4Чашм хира мегардад

Дар торикӣ ба экрани ҷиҳози электронӣ нигоҳ кардан боиси хира гаштани чашм мегардад. Зеро нури кабудранги экранҳои телефонҳои мобилӣ, оинаи нилгун, планшет ва компютерҳо ба шабакия ва қобилияти биноии чашм зарари ҷиддӣ мерасонад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки шахс машғулиятро бо ҷиҳози электронӣ ақаллан 2 соат қабл аз хоб кардан ба итмом расонад. Зеро чунин ҳолат барои майнаи сар имкон медиҳад, ки барои истироҳати шабона худро барои хоб кардан омода кунад.

–манбаъ: ADME.ru

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s