Модари коргар ва тарбияи фарзанд-1

Ҳаёти муосири хонаводагӣ дар баробари падар модарро низ маҷбур месозад, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ соҳиби маслак гашта кор кунад. Ҳузури чунин модарони коргарро саволҳои зайл безобита карда меистанд: “Оё ба қадри кофӣ дар тарбияи фарзандам саҳм мегузорам?”, “Барои фарзандам модари хуб ҳастам ва ё не?”, “Оё кор накарда, тамоми рӯз бо тарбияи фарзандам машғул шавам, беҳтар аст?”, “Агар кор кунам, то чӣ андоза бо тарбияи фарзандонам машғул шуда ҳам метавонам?”

Ба ин саволҳо ҳар як модар бинобар вазъи молиявӣ-оилавияш ҷавоби муносиб доданро кӯшиш мекунад. Вале аксар вақт модаре, ки дар ҳақиқат дар андешаи тарбияи солими фарзандаш аст, дар пайдо кардани ҷавоб ва роҳи ҳал калавида, метавонад қароре гирад, ки баъдан пушаймон ҳам шавад. Модарони коргар дар баробари кор кардан, бо тарбияи фарзандашон ҳам машғул шуда, аз худ суол мекунанд: “Барои фарзандам боз чӣ кор карда метавонам?” Коршиносон барои модарони коргар як қатор тавсияҳое муайян кардаанд, ки ҳарчӣ бештар калавиш ва мушкилоти онҳоро метавонад осон гардонад:

Модаре, ки мехоҳад машғули ҳаёти корӣ гардад, пеш аз ҳама касбу кори муносиб интихоб кунад. Касбу коре, ки аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ онро бардошт карда тавонад. Зеро баъд аз рӯзи кории вазнин ӯро дар хона фарзандонаш интизоранд. Ва модари асабиву хастаҳол дар тарбияи фарзанд саҳми фоидабахш гузошта наметавонад. Илова ба ин чунин модар аз ӯҳдаи машғалаҳои хонагие, ки як қисми он бар дӯшаш гузошта шудаанд, баромада наметавонад.

Модарони коргаре, ки ҳомиладоранду моҳҳои наздик дар интизори ба дунё омадани фарзанд ҳастанд ва баъд аз таваллуд кардан ҳам бояд бо навзод машғул шаванд, кору вазифаҳои корхонаро ҳарчӣ тезтар супорида, бинобар муҳлати лозима (он метавонад аз 6 моҳ то 3 сол давом диҳад) ба рухсатӣ бароянд. Азбаски синну соли 0-3 барои рушду инкишофи равонӣ-ҷисмонии кӯдак муҳим аст, модарон ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳи асосиро ба навзодашон диҳанд. Дар ин муддат робита миёни модар ва кӯдак ташаккул ёфта, заминаи мусносибатҳои ояндаро муайян месозад. Аз ин рӯ ҳар чӣ қадар атрофи аҳамияти тарбияи фарзанд дар ин синну сол сухан ронем, кам аст.

Барои навзоде, ки модараш маҷбур аст баъд аз ҳомиладорӣ дарҳол ба кор барояд, чунин ҳолат метавонад мушкилии асабиро ба бор орад. Азбаски навзод ба меҳрубонӣ ва навозишҳои модар эҳтиёҷ дорад, имкон бошад, модари коргар дар давоми рӯз ҳам барои навзодаш вақти даркориро ҷудо кунад. Ҳамчунин, агар фарзанди хона рӯзона вақтро бо доя ва бегоҳрӯзӣ бо падару модар мегузаронида бошад, пас ин қисми вақт ҳарчӣ бештар барои фарзанд ҷудо карда шавад. Таваҷҷуҳи меҳрубононаи волидайн барои фарзанд муҳим буда, монеаи мушкилиҳои равонии дар оянда пайдомешуда гашта метавонад. Бахусус робитаҳои рӯҳӣ-равонии кӯдак бо модар дар ин раванд нақши муҳимро мебозанд.

(давом дорад)

–таҳияи Садбарги Ҳаким

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s